Дар давоми соли 2025 дар Ӯзбекистон ҳамагӣ 267 131 никоҳ сабт шудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор аз ононе, ки никоҳ карданд, синни 105 454 нафар то 20 буд, ки ин 39,5 фоизи умумии никоҳҳоро ташкил медод.
Заноне, ки дар синни 20–30 солагӣ ақди никоҳ карданд, 138 736 нафар буданд, ки ҳиссаи онҳо 51,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, заноне, ки дар синни 31–40 солагӣ оила барпо карданд, 17 577 нафарро ташкил доданд, ки ҳиссаи умумӣ 6,6 фоиз буд.
Дар байни занони синнашон 41 ва болотар аз он аст, 5 359 никоҳ сабт шудааст, ки ин 2,0 фоизи нишондиҳандаи умумиро ташкил медиҳад.
Беш аз 5,3 ҳазор зан пас аз синни 40 солагӣ оила барпо карданд
