Ovozi.uz

Сайёҳии Самарқанд: пешниҳод ва нақшаҳои оянда

Раиси Кумитаи туризм Абдулазиз Аққулов бо намояндагони соҳаи туризм дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатии вилояти Самарқанд вохӯрӣ гузаронид. Ин вохӯрӣ аз ҷамъомадҳои дигар фарқ дошт. Ҷамъомад бо саволу ҷавобҳои оиди муаммоҳои рӯзмарра оғоз ёфта, ба пешниҳодҳои ҷиддии лоиҳаҳои сайёҳӣ пайваст гардид.

— Чаро нуқтаҳои хӯрокворӣ бидуни огоҳӣ аз шабакаи газ ҷудо карда мешаванд?

Инчунин, пешниҳод карданд, ки барои фаъолияти устувор дар кӯчаи гастрономии шаҳр ба соҳибкорон трансформатори алоҳида насб карда шавад, ки хароҷотро худ пардохт мекунанд.

Мутасаддиён ба ҳар як масъала ҷавоби мушаххас дода, таъкид карданд, ки барои ҳалли онҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.

— Чанд рӯзи охир имкониятҳои сайёҳии вилояти Самарқанд ба таври манзилӣ омӯхта шуданд, — гуфт Абдулазиз Аққулов.

— Дар натиҷа, лоиҳаҳои мушаххаси чанд иншоот таҳия гардиданд. Пас аз мукаммал кардани лоиҳаҳо ин пешниҳодҳо дар шакли барнома ва қарорҳо барои рушди соҳа пешниҳод хоҳанд шуд. Алалхусус, ба тамошогоҳи кушода ташаккул додани қалъаи Шероз дар Булунғур, ки давраи Амир Темурро акс ёфтааст ва ба курорт табдил додани минтақаи обҳои минералии Нуробод низ дар назар аст. Чандин мавзеъҳои дигар низ ба шакли лоиҳа омода шудаанд.

Дар вохӯрӣ соҳибкорон ёдовар шуданд, ки пас аз баргузории консерти ҳунармандони маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Андреа Бочелли, ба Самарқанд ҳазорҳо нафар сайёҳон омаданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки чунин барномаҳо мунтазам баргузор шаванд. Қайд гардид, ки бо роҳандозии низоми иҷораи мошинҳо (ренткар) сайёҳон бештар ба сафар ба вилоятҳои ҳамсоя ва мавзеъҳои истироҳатӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Аммо ҳолати номатлуби роҳҳои байнивилоятӣ ва набудани шароити оддӣ дар канори роҳҳо ҳамчун муаммои ҷиддӣ зикр шуд.

Мутасаддиён изҳор карданд, ки ҳамаи ин пешниҳодҳо бо масъулони дахлдор баррасӣ шуда, барои беҳтарсозии вазъ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.