Ovozi.uz

Таҳлили тендерҳо, нархҳо ва ҳуқуқи истеъмолгарон

Дар соли 2025 фаъолияти 22 корхона мавриди санҷиш қарор гирифта, зиёда аз 2 миллиарду 543 миллион сӯм даромад ва ҷаримаҳои беасос рӯёнида шудаанд.

Ин нукта дар анҷумани матбуотии навбатии Садорати ҳудудии Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон зикр гардид.

Дар ҷараёни анҷуман натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025‑ро ҷамъбаст карда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026‑ро шарҳ доданд. Таъкид гардид, ки соли гузашта риояи қонунгузории рақобат дар тендерҳо ва савдоҳои электронӣ бо иштироки фармоишгарони буҷетӣ ва корпоративӣ пайваста зери назорат қарор гирифт. Дар ин ҷараён бештар ба пешгирии мувофиқаҳои пинҳонии миёни иштирокчиён эътибор доданд. Дар вилоят ҳамагӣ 1384 тендер таҳлил ва дар 1373 ҳолат камбудиҳо ошкор гардиданд. Дар натиҷа, 85 нафар шахсони мансабдорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, беш аз 713 миллион сӯм ҷарима ситониданд.

— Мақсади асосии мо ҷазо додан не, балки пешгирии риоя накардан ба қонун ва ташаккули муҳити солими рақобат аст, — гуфт роҳбари Садорат Бобохон Тоиров. — Назорати нархгузорӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ пурзӯр гардид. Дар натиҷа, садҳо миллион сӯм маблағро истеъмолгарон баргардонида гирифтанд. Зеро, ҳар як болоравии беасоси нарх пеш аз ҳама ба манфиати мардум зарар мерасонад ва нисбат ба чунин ҳолатҳо бетараф мондан мумкин нест.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани дастрасии баробар ба маҳсулот, корҳо ва хизматрасониҳои нархашон баланд барои иштирокчиёни бозор, назорати қатъӣ аз болои тақсимоти ҳаррӯзаи ҷадвалҳои ҷойгиркунии маҳсулот дар биржа, риояи мӯҳлатҳо ва ҳаҷми муқарраршуда амалӣ мегардад.

— Барои пешгирии болоравии беасоси нархи маҳсулот чораҳо меандешем, — илова намуд Б. Тоиров. — Масалан, соли гузашта фаъолияти 22 корхонаро мувофиқи тартиби муқарраршуда тафтиш карда, ба маблағи 2 миллиарду 543 миллион сӯм даромади беасос ва ҷаримаҳои молиявӣ ситонида шуданд.

Ғайр аз ин, вазъи муҳити рақобат дар бозорҳои маҳсулот ва молиявӣ, фаъолияти корхонаҳои дорои қудрати бартаридошта ва субъектҳои монополияи табиӣ мунтазам таҳлил мегардад.

Соли ҷорӣ ба кумита оид ба 9 бозори маҳсулот, аз ҷумла памперсҳо, маҳсулоти гигиенӣ, хамираи дандон, риштаҳои синтетикӣ, пенаи полистирол ва полиуретан, кабелҳо ва картошка маълумоти дахлдор пешниҳод шудааст.

Шуъбаи минтақавӣ инчунин, риояи қонунгузории рақобатро дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва идораҳои давлатӣ ҳамаҷониба меомӯзад. Бояд гуфт, ки мувофиқи натиҷаҳои соли 2025, барои бартараф намудани қонуншиканиҳо ба ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатӣ 18 тақдимнома пешниҳод гардид.

Аз рӯи ҳолатҳои рақобати ноодилона нисбати 5 корхона парванда кушода шудааст. Инчунин, дар ноҳияи Пайариқ ҳолатҳои болоравии беасоси нархи сӯзишворӣ ошкор гардида, нисбати гунаҳкорон чораҳои молиявӣ ва маъмурӣ андешида шудаанд.

Дар анҷуман ҳозирон оид ба болоравии беасоси нархи воситаҳои доруворӣ маълумот гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи санҷишҳо 494 миллион сӯм ба истеъмолкунандагон баргардонида шуда, 737 миллион сӯм ба фоидаи буҷети давлатӣ гузаронда шуд.

Барои санҷиши сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ, ки дар бозори дохилӣ ба фурӯш мебарояд, 119 хариди назоратӣ гузаронида, дар 76 ҳолати нисбати ба камбудӣ роҳгузаштагон чораҳои дахлдор андешиданд.

Илова бар ин, дар соҳаи реклама низ мониторинги доимӣ анҷом меёбад. Аз 2890-то рекламаи омӯхташуда, дар 115 ҳолат бинобар саривақт бартараф накардани қонуншиканиҳо нисбати соҳибони реклама ба миқдори 2 миллиарду 460 миллион сӯм ҷазои молиявӣ татбиқ гардиданд.

Дар охири анҷуман гуфта шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи вазифаҳое, ки ба зиммаи садорат гузошташуда, дар соли 2026 низ идома дода мешавад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА