То 1-уми январи соли 2026 шумораи ҳунармандон, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, 22117 нафарро ташкил намуд. Дар ин бора Кумитаи миллии омори кишвар хабар дод.
Ҳангоми тақсим кардани шумораи ҳунармандон ба минтақа, нишондиҳандаи беҳтарин дар шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудааст, ки дар пойтахт 2906 ҳунарманд фаъолият мекунанд. Дармҷои баъдӣ вилояти Фарғона бо 2564 ҳунарманд ва вилояти Самарқанд бо 2090 нафар қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар вилояти Андиҷон 2088 ҳунарманд, дар вилояти Намангон 1990, дар вилояти Хоразм 1977, дар вилояти Тошканд 1791, дар вилояти Қашқадарё 1496, дар вилояти Бухоро 1474, дар вилояти Ҷиззах 1033, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 951, дар вилояти Сурхондарё 845, дар вилояти Сирдарё 465 ва дар вилояти Навоӣ 447 ҳунарманд фаъолият пеш мебаранд.
