Дар Қазоқистон санҷиши мошинҳои беронанда оғоз ёфт.
Дар ин бора хизмати матбуотии Вазорати зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.
Мувофиқи маълумоти вазорат, татбиқи як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳаракати шаҳрӣ ва логистика ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки лоиҳаҳои санҷиши таксиҳои беронанда дар шаҳрҳои Алмаато ва Остона, инчунин дар вилояти Ақмола роҳандозӣ шаванд.
Бо гузашти вақт ин самт сегменти нави иқтисоди рақамиро эҷод мекунад ва ба буҷа даромади иловагӣ меорад.
Мувофиқи ақидаи намояндагони вазорат, лоиҳаҳо барои баланд бардоштани самаранокии бахши нақлиёт ва рушди инфрасохтори рақамӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ равона карда шудаанд, хабар медиҳад oz.inform.kz.
