Ovozi.uz

Бохти “Барселона” дар дербии Каталония

Бозии даври 24-уми чемпионати Испания миёни дастаҳои “Жирона” ва “Барселона” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Мунисипал де Монтиливи” баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Жирона” анҷом ёфт. Сесар Сото Градо ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият кард.

Дар дақиқаи 45+3-юм ҳамлагари ҷавон Ламин Ямал зарбаи пеналтиро истифода бурда натавонист — тӯб ба сутун бархӯрд. Дар дақиқаи 59-ум Пау Кубарси ба фоидаи “Барселона” ҳисобро боз кард. Бо гузашти се дақиқа Тома Лемар ҳисобро баробар намуд. Голи пирӯзиро Фран Белтран дар дақиқаи 87-ум ба фоидаи “Жирона” зад.

Дар дақиқаи 90+9 –ум бозигари мизбонон Хоэл Рока аз ҳайати “Жирона” корти сурх гирифта, бозибадар шуд.

Пас аз ин бозӣ “Жирона” бо 29 имтиёз дар зинаи 12-уми ҷадвали Ла Лига қарор дорад, “Барселона” бо 58 имтиёз дар мақоми дуюм ҷойгир шудааст. “Реал Мадрид” бо 60 имтиёз дар зинаи аввал аст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Барселона” бо “Леванте” рӯзи 22-юми феврал дидор анҷом медиҳад. “Жирона” дар сафар бо “Алавес” рӯзи 24-уми феврал вомехӯрад.