Дар Садорати кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд бахшида ба маросими ифтитоҳи мавсими имсолаи мусобиқаҳои «Олимпиадаи панҷ ташаббус» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он сарвари Садорати кор бо ҷавонони вилоят Д. Азизова, сарвари Садорати варзиши вилоят Ҷ. Нурманов ва намояндагони ташкилотҳои шарик, мутахассисони муассисаҳои таълимии варзишӣ, сардорони ҷавонон, мураббиён, ҷавонон ва варзишгарон иштирок карданд.
— Дастаи маҳаллаи Сулувқӯрғони ноҳияи Пахтачӣ дар мусобиқаҳои варзишии «Олимпиадаи панҷ ташаббус»-и соли гузашта ҷои аввалро ишғол карда буд, — Лутфия Бердиева, ки аз номи ҷавонони деҳотии вилоятамон суханронӣ кард. — Ин аз он далолат медиҳад, «Олимпиадаи панҷ ташаббус», новобаста аз минтақаи зист ва дурдастии маҳаллаҳо, имконияти хуб барои тамоми ҷавонон аст. Ба ҳамаи ҷавонон дар мусобиқаҳои имсола барори кор орзу менамоям.
