Ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар ин чорабинии идона иштирок карда, фидоиёнеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, табрик гуфт.
Қайд гардид, ки бо шарофати ислоҳоти дар солҳои охир дар кишварамон амалишуда, вилоятамон низ дар бахши кишоварзӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид. Аз ҷумла, имсол дар вилояти мо 825 ҳазор тонна ғалла, беш аз 265 ҳазор тонна пахта, 1 миллиону 700 ҳазор тонна сабзавот, 3 ҳазору 900 тонна пилла, 349 ҳазор тонна гӯшт ва 1 миллиону 500 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар чорабинӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ зикр гардид.
– Танҳо дар соли ҷорӣ 303 ҳазор тонна маҳсулоти меваю сабзавот ба маблағи 316 миллион доллар ба 61 кишвар, аз ҷумла Россия, Хитой, Туркия, Украина, ИМА, Полша, Германия, Канада ва ғайраҳо содир карда шуд. Ҳаҷми содирот нисбат ба соли гузашта 74 миллион доллар афзоиш ёфтааст, — гуфт ҳокими вилоят.
Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ самаранок кор кардаанд, нишонҳои «Фидоии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Аълочии хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Деҳқони меҳнаткаш», «Заминдори намунавӣ», «Фермери пешқадам», ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Сурудҳои ҳунармандони машҳури вилоят ба ҳозирин рӯҳияи идона бахшиданд.
