Нашрияи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад, ки эҳтимол дорад дар амалиёти ҳарбии ИМА ба Ховари Миёна технологияи зеҳни сунъии ширкати Anthropic ва модели Claude истифода шуда бошанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, ин намуди зеҳни сунъӣ аз ҷониби CЕNТCОМ ва дигар шуъбаҳои ҳарбӣ, барои таҳлили маълумоти разведка, муайян кардани нишон ва моделсозии сенарияҳои ҷанг истифода мешавад. Бинобарин, Фармондеҳии марказии ИМА то ҳол расман шарҳ надодааст, ки дар амалиёти зидди Эрон кадом технологияҳо ба кор бурда мешаванд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ боиси баҳсу мунозираҳо гардидааст. Зеро Доналд Трамп рӯзи 27-уми феврал ба ниҳодҳои марбута дастур дода буд, ки ҳамкорӣ бо ширкати Anthropic қатъ карда шавад. Пентагон чунин ҳаракатро эҳтимолан таҳдид ба амнияти миллӣ ва занҷираи таъминоти ҳарбӣ арзёбӣ кардааст.
