Ovozi.uz

Дар Қатар бачаи 11 солаи ӯзбекистонӣ вафот кард

Як писарбачаи 11-солаи ӯзбекистонӣ дар Қатар ба ҳалокат расид. Аз сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба нақлиёт ва логистика, ҷасади марҳум дар он кишвар дафн карда шуд.

Мувофиқи маълумоти хабаргузории «Дунё», М.А.-и 11-сола, ки дар Тошканд таваллуд ёфтааст, ҳангоми сафар дар Қатар, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ҷои садама бо ҷароҳатҳои сар вафот кардааст.

Пас аз гирифтани ин маълумот, намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Қатар бо ҳамкории мақомоти дахлдори давлатии минтақа чораҳоеро барои ҳалли фаврии масъалаҳои зарурии ташкилӣ ва ҳуқуқӣ андешидаанд.

Ба аъзои оилаи марҳум кумаки амалии ҳамаҷониба расонида шуд. Ҳамчунин, бо назардошти вазъият дар минтақа ва маҳдудиятҳои вобаста ба нақлиёт ва логистика, ҷасади марҳум бо розигии оила мувофиқи ҳама анъанаҳои миллӣ ва динӣ дар Қатар дафн карда шуд. Маросим бо ҳамкории наздик бо хешовандони кӯдак ташкил гардид.