ПРЕСС-ТУР
Сол аз сол дар соҳаи тандурустӣ навигариҳои зиёде ворид мегарданд. Баробари ба истифода додани беморхонаву нуқтаҳои тиббии нав таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ мешаванд. Асбобу ускунаҳои лабораторияҳо наву замонавӣ гардида, ҷарроҳиҳои мураккаб ҳам дар худи беморхонаҳои ноҳияву шаҳр амалӣ мегарданд. Хулоса, соҳаи тандурустӣ ислоҳоти босуръати васеъмиқёсеро аз сар мегузаронад. Журналисту блогерон ҳамаи инҳоро дар миқёси вилоят дар ҷараёни сафари матбуотӣ мушоҳида карданд.
Боздиди онҳо аз маркази вазъиятии филиали вилоятии Маркази тиббии махсуси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии кардиология оғоз ёфт. Дар ин ҷо рӯзноманигорон дар бораи татбиқи рақамикунонӣ ва навовариҳое, ки барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ истифода мешаванд, шинос шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи стратегии табдили рақамӣ беҳтар кардани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ, ошкоркунии саривақтии бемориҳо ва сарфаи вақту сарсониҳои беморон мебошад.
Сардори Садорати тандурустии вилоят Сӯҳроб Зайниев, ба хабарнигорон дар бораи навовариҳо дар соҳаи ёрии аввалия, лоиҳаҳое, ки дар солҳои охир дар ин соҳа амалӣ шудаанд ва натиҷаҳои онҳо маълумот дод.
— Дар саросари ҷаҳон, 70 дарсади аҳолӣ аввал ба нуқтаҳои тиббиву поликлиникаҳои маҳалли зисти худ ва 30 дарсади онҳо ба беморхонаҳои марказӣ муроҷиат мекунанд, — гуфт С.Зайниев. — Мутаассифона, ин рақамҳо барои мардуми мо баръакси он аст. Ҳадафи мо ташаккул додани стандартҳои байналмилалӣ дар кишварамон мебошад. Табиист, ки барои ноил шудан ба ин меъёрҳо, афзоиши иқтидори ёрии аввалини тиббию санитарӣ, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пурраи он дар доираи низоми нав зарур аст. Ёрии аввалияи тиббӣ бояд на танҳо ба табобати бемориҳо, балки ба пешгирии бемориҳо низ ноил гардад. Ин афзалиятҳо дар қарорҳои роҳбари давлат ва ҳукумат инъикос ёфтаанд ва аллакай дар Самарқанд, инчунин дар ноҳияҳои Иштихон ва Булунғур дар шакли озмоишӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар рафти гуфтугӯ маълум шуд, ки имсол дар Самарқанд кушодани шӯъбаи онкогематологияи кӯдакона барои 80 кат ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, соли равон таъсиси шӯъбаи реабилитатсия — офияти кӯдакона барои 100 кат дар назар аст.
Нимаи дуюми рӯз рӯзноманигорон бо беморхона ва шуъбаҳои диагностикиву табобатии марказии ноҳияи Иштихон шинос шуданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо беморхона, лаборатория, шуъбаи машваративу диагностӣ ва ғайра ба ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ роҳбари шуъбаи тандурустии ноҳия Суннат Зафаров раҳбаладӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо як лабораторияи марказонидашуда таъсис дода шудааст, ки аз ҳамаи нуқтаҳои тиббиву поликлиникаҳои оилавӣ барои ташхис намунаҳо меоранд. Дар ин лаборатория натиҷаҳои таҳлил аз 40 дақиқа то 3 соат аниқ карда мешаванд. Таҷҳизоти нав ва замонавиро барои санҷиши лабораторӣ аз хориҷа овардаанд ва дар онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба кор мекунанд.
Дар ноҳияи Иштихон низ кори мутахассисони махсус марказонида шудааст.
Дар вақти муаррифӣ маълум гардид, ки чӣ гуна эътимоди сокинони деҳот ба ёрии аввалияи тиббӣ афзоиш меёбад. Агар дар соли 2024 ба поликлиникаҳои оилавӣ бештар аз 278 000 нафар муроҷиат карда бошад, порсол ин рақам аз як миллион нафар гузаштааст. Дар соли нав ин рақам то ба 1,6 миллион нафар мерасад.
Пешгирӣ ва ошкоркунии саривақтии бемориҳо дар ин ҷо самти муҳими фаъолият боқӣ мемонад. Барномаҳои скринингӣ барои кардиология, эндокринология, онкология, сил ва дигар бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим тақвият дода шудаанд.
Дар охир Суннат Зафаров ходимони матбуотро бо толори интизорӣ низ шинос намуд.
— Ҳама медонанд, ки аз паси беморон фарзанд ва хешу таборонашон ҳам меоянд, — гуфт С.Зафаров. — Онҳо дар қабулхонаву даромадгоҳҳои беморхона нишаста ва ё гаштугузор карда, ба кори мунтазами духтурон халал мерасониданд. Дар берун интизорӣ кашанд, ягон шароити зурурӣ нест. Махсусан, дар рӯзҳои хунуки зимистон азоб мекашиданд. Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, мо сохтмони се қабулхонаро ба нақша гирифтем. Яке аз онҳо, ки ҳоло тайёр шудааст, дар назди таваллудхона аст. Акнун мисли пештара мардум дар гирди таваллудхона шабу рӯз тор натанида, дар толори интизорӣ баҳузур мешинанд. Барои онҳо шароитҳои хуб мавҷуданд. Ҳатто дар ин ҷо бемалол аз Wi-Fi (вай-фай)-и бепул истифода бурда, вақташонро бофароғат мегузаронанд. Интизоршавандагон ҳатто рафта пурсиданашон ҳам шарт нест. Вақте кӯдак таваллуд мешавад, ба воситаи динамик худи ходимони тиббӣ хабар медиҳанд, ки фалонӣ хуб таваллуд кард, фарзандаш писар ё духтар аст, вазнаш, масалан 3 килограмму 600 грамм буда, модараш худро хуб ҳис мекунад.
Б.ҶУМЪАЕВ
