Хабарҳо дар бораи он ки ҳамлагари дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналду гӯё Арабистони Саудиро тарк кардааст, беасос будааст. Дар ин бора рӯзноманигори маъруф Фабритсио Романо хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, овозаҳои паҳншуда дар расонаҳои байналмилалӣ воқеият надоранд.
“Хабарҳое, ки расонаҳои байналмилалӣ паҳн карданд дар бораи он ки Криштиану Роналду гӯё ҳамроҳи оилааш Арабистони Саудиро тарк кардааст, дуруст нестанд. Ин овоза аст, зеро Криштиану ҳоло баъд аз мушкилоте, ки дар бозии охир дошт, дар пойгоҳи тамринии “Ал-Наср” табобат мегирад. Ӯ барои бозгашт ба Мадрид тарки Арабистони Саудӣ накардааст”, — навиштааст Фабритсио Романо.
Қаблан бархе расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки футболбози 41-солаи португалӣ бинобар вазъи ноором дар Ховари Миёна бо хонаводааш бо ҳавопаймои хусусӣ Арабистони Саудиро тарк карда, ба шаҳри Мадриди Испания рафтааст. Аммо ин хабарҳо расман рад шуданд.
