Ovozi.uz

Дар Самарқанд ба барандаи Ҷоизаи Зулфия Латофат Амирова хона супорида шуд

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия», як гурӯҳ бонувони фаъолу ташаббускори кишвар бо ин мукофоти бонуфуз қадрдонӣ гардиданд.

Дар байни онҳо шоираи боистеъдод Латофат Амирова, сокини ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё низ ҳаст.

Истеъдод ва дастовардҳои эҷодии шоираи ҷавон баҳои баланд гирифта, бо супориши Президент ба ӯ дар массиви Қорасуви шаҳри Самарқанд хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароит ва бо мебел таъминшуда супорида шуд.

Дар маросими супоридани калиди хона ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирок кард. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳоким шоираи ҷавон Латофат Амироваро бо дастовардҳояш самимона табрик гуфта, барояш хотирҷамъии оилавӣ, бахти устувор ва дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ комёбиҳои бузург орзу намуд.

Таъкид гардид, ки Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дар кишвар барои дастгирии духтарони боистеъдод, фаъол ва ташаббускор, инчунин дар ҳавасмандгардонии дастовардҳои онҳо аз рӯи соҳаҳои илм, адабиёт, фарҳанг ва санъат аҳамияти муҳим дорад.