Дар Самарқанд тақдимоти китоби узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нависандаи маъруф Абдусаид Кӯчимов бо номи «Симфонияи рушд» баргузор гардид.
Дар маросими тақдимот ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ҳусан Тӯхтаев, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, узви Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов, профессори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишер Навоӣ дар Тошканд Қазоқбой Йӯлдошев, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Ишонч» ва «Ишонч-Доверие», узви Сенати Олий Маҷлис Ҳусан Эрматов ва дигарон дар бораи китоб ва шахсияти адиби самарқандӣ ба иштирокчиён маълумот доданд.
— «Симфонияи рушд» дар бораи шаҳру деҳаҳои мо, ки дар натиҷаи сиёсати халқпарварона ва баланд гузоштани қадри инсон аз ҷониби Президенти муҳтарам тағйир меёбанд, инчунин дар бораи корҳои бузурги бунёдкорӣ ва болоравии шуур, тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми мо ҳикоят мекунад, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Р.Холмуродов.
