Ovozi.uz

Сифати сохтмон зери назорат: дар ноҳияи Самарқанд мониторинги навбатӣ гузаронида шуд

Аз ҷониби Инспексияи назорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷойи вилояти Самарқанд дар бинои бисёрошёнаи истиқоматие, ки дар маҳаллаи Қуйи Туркмани ноҳияи Самарқанд бунёд мешавад, чорабинии назоратии навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мониторинг як қатор камбудиҳо ошкор шуданд. Аз ҷумла, дар қабати 9-ум баъзе аз сутунҳои оҳану бетонии мустаҳкамкунанда мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва талаботи меъёрҳои сохтмонӣ иҷро нашудаанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки дар қабатҳои 9-ум қисмҳои мустаҳкамкунандаи SM-3 бе пайваст шудан ба болорҳо насб шудаанд.

Дар қабатҳои 8 ва 9 ҳангоми мустаҳкам кардани хиштҳои девор ба болорҳо ва плитаҳои оҳану бетон, мустаҳкамкунандаҳои металлии кунҷӣ бо дастгоҳҳои махсуси маҳкамкунанда устувор карда нашудаанд. Илова бар ин, хулосаҳои лаборатория, ки мутобиқати корҳои бетонӣ ба талаботи лоиҳаро тасдиқ мекунанд, пурра пешниҳод нашудаанд.

Дар ҷараёни назорат инчунин ба таври пурра риоя нашудани қоидаҳои бехатарии меҳнат низ қайд гардид. Аз ҷумла, коргарон бо либосҳои махсус пурра таъмин ва дар гирди қабатҳову чоҳҳои лифт лентаҳои муҳофизатӣ насб карда нашудаанд.

Ҳамчунин мушоҳида шуд, ки дар қисми байниқабатии қабати 8-ум дарзҳои байни плитаҳои оҳану бетонӣ ба ҷойи маҳлули сементӣ бо партовҳои сохтмонӣ пур карда шудаанд.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ба шахсони масъул дастурҳои хаттӣ бо муҳлатҳои мушаххас дода шуда, иҷрои онҳо зери назорат гирифта шуд.