Қарори Маркази фатвои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи муайян кардани миқдори закот, фитр ва фидя барои моҳи Рамазони соли 2026-и мелодӣ ва 1447-и ҳиҷрӣ ба имзо расид. Мувофиқи он, миқдори закот: Нисоби закот бар асоси арзиши тахминии 85 грамм тиллои 585-проба муайян гардида, 100 000 000 (сад миллион) сӯм муқаррар шуд.
Бинобар ин, шахсе, ки ҳадди ақал 85 грамм тилло ё 100 000 000 сӯм маблағ ё моли тиҷоратии ба ҳамин арзиш дошта бошад, бояд аз чиҳил як ҳисса (2,5 фоиз)-и дороии худро ба нияти закот ба камбизоатон диҳад.
Миқдори садақаи фитр: ➖ 2 кг гандум ё арзиши он — 10 000 (даҳ ҳазор) сӯм; ➖ 2 кг орди гандум ё арзиши он — 12,000 (дувоздаҳ ҳазор) сӯм; ➖ 4 кг ҷав ё арзиши он — 20,000 (бист ҳазор) сӯм; ➖ 2 кг мавиз ё арзиши он — 110,000 (яксаду даҳ ҳазор) сӯм; ➖ 4 кг хурмо ё арзиши он — 200,000 (дусад ҳазор) сӯм.
Ҳар кас метавонад аз рӯи имконияти худ, яке аз ин панҷ маҳсулот ё арзиши онро ба як камбағал ҳамчун закоти фитр диҳад. Закоти фитр бояд дар моҳи Рамазон то хондани намози ид дода шавад. Миқдори фидя: Миқдори фидя барои як рӯз ба миқдори закоти фитр баробар аст. Яъне ҳар шахс метавонад аз рӯи имконият яке аз ин панҷ маҳсулот ё қимати онро ба нияти фидя ба оилаи мӯҳтоҷ диҳад.
Хизмати матбуоти Маркази фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон.
