Филми “Набард пас аз набарде” (“One Battle After Another”) дар соли 2026 беҳтарин филм эътироф шуда, 6 ҷоизаи “Оскар-2026”-ро ба даст овард. Ҷоизаҳо дирӯз, 15-уми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Америка дар 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Америка –“Оскар”, ки баландтарин ҷоизаи синамоӣ дониста мешавад, ба ғолибон тақдим гардиданд.
Ин филм бо коргардонии Паул Томас Андерсон таҳия шудааст. Худи коргардон низ ду ҷоизаи “Оскар” – “Беҳтарин коргардон” ва “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”-ро ба даст овард.
Син Пен, ҳунарпешаи филми мазкур ҷоизаи “Беҳтарин нақши мукаммали мардона”-ро соҳиб гардид.
Ҷоизаи “Беҳтарин танзим” низ насиби филми “Набард пас аз набарде” шуд. Танзимгари ин филм Энди Юргенсен аст.
Ҳамин тавр, филми “Набард пас аз набарде” 6 ҷоиза — “Беҳтарин филм”, “Беҳтарин коргардон”, “Муаллифи беҳтарин филмномаи мутобиқшуда”, “Беҳтарин нақши мукаммали мардона”, “Беҳтарин танзим” ва ҷоизаи асосии “Оскар-2026”-ро соҳиб шуд.
Ҷоизаҳои дигари “Оскар-2026” аз рӯйи бахшҳои гуногун насиби филмҳои зерин шуданд:
“Беҳтарин нақши мардона” — Михаил Ҷордан бо филми “Гунаҳкорон”;
“Беҳтарин нақши занона” — Ҷесси Бакли дар филми “Ҳамнет: қиссае, ки ба Ҳамнет илҳом бахшид”;
“Беҳтарин филми тасвирии комил” — филми “Шикорчиёни девҳо”;
Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳ” — “Духтаре, ки марворид мегирист”;
“Беҳтарин филми мустанад” — филми “Ҷаноб ҳеҷ кас бар зидди Путин”;
“Беҳтарин тарона барои филм” — филми “Шикорчиёни девҳо”;
«Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ» — филми «Арзиши эҳсосӣ»;
«Беҳтарин нақши мукаммали занона» — Эми Медиган дар филми «Силоҳ»
