Вақте ки аз шаҳри Самарқанд гузашта, тавассути қӯрғони Даҳбед ба ноҳияи Пайариқ ворид мешавед, аз дур чор манораи бузург ва гунбазҳои кабуд ба назар мерасанд. Мошин дар роҳи васеъу ҳамвор ҳамчун бод ба пеш меравад ва ҳар қадар ба манзил наздик шавед, манораҳо ва гунбазҳои осмонбӯс дар нури офтоб дурахшида, чашми одамро мафтун мекунанд. Дилатон ба тапиш даромада, нигоҳатон аз маҷмуаи Имом Бухорӣ дур намешавад. Беихтиёр хотираҳои пештараро ба ёд оварда, «наҳот ин ҳамон зиёратгоҳ аст?» — мегӯед. Агар бори аввал ба ин ҷо омада бошед, сафедии нурмонанди маҷмуа ва равшании атроф шуморо боз ҳам бештар ба ҳайрат меорад. Бале, имрӯз зиёратгоҳи муқаддаси ба номи муҳаддиси бузургамон — Ҳазрат Имом Бухорӣ, ки дар маҳаллаи Хоҷа Исмоили Пайариқ ҷойгир шудааст, ба унин симои бошукӯҳро касб кардааст.
Бо ташаббуси роҳбари давлат ин маҷмуа муносиб ба мақому мартабаи баланд ва нуфузи бузурги ин муҳаддиси бузург дар олами ислом аз нав бунёд гардид.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки соли 2019 оғоз ёфтанд, дар ин ҷо мақбараи бошукӯҳ, масҷид барои 10 ҳазор нафар, бинои маъмурият, осорхона, айвонҳои даромаду баромад сохта шуданд. Манораҳои 75-метра, ки дар чор гӯшаи зиёратгоҳ ҷойгиранд, ба он ҳашамату ҷалоли махсус мебахшанд.
— Ба назари ман, нуре, ки аз ин макони муқаддас паҳн мешавад, имрӯз дар симои биноҳои бошукӯҳи нав низ таҷассум ёфта, на танҳо мардуми кишвари моро, балки мусулмонони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад, — гуфт Шуҳрат Негматов, раиси бахши вилоятии Бунёди «Нуроний» дар Самарқанд, собиқадори меҳнат. — Мо хуб медонем, ки «Cултони муҳаддисон» Имом Бухорӣ дар олами ислом чӣ гуна мақоми баланд доранд. Мусулмонони ҷаҳон орзу доранд, ки ба ин макон омада, зиёрат кунанд. Аммо то ин вақт шароит барои қабули зиёраткунандагон пурра мувофиқ набуд. Дар атрофи зиёратгоҳ шароит ва имкониятҳои зарурӣ барои меҳмонон вуҷуд надошт. Бо таваҷҷуҳи махсуси роҳбари давлатамон аввал Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис таъсис дода шуд. Пас аз он ҳудуди маҷмуа васеъ карда шуда, бо назардошти фароҳам овардани тамоми қулайӣ барои зиёраткунандагон аз нав бунёд гардид. Дар давоми 7-8 соли охир аз корҳои лоиҳакашӣ то сохтмон ва ободонӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президентамон қарор дошт. Ҳар дафъа, ки ба Самарқанд ташриф меоварданд, ҳатто дар давраи пандемия ҳам, пеш аз ҳама бо рафти корҳои маҷмуа шинос мешуданд. Ғояи таъсиси осорхонаи инноватсионӣ дар таркиби маҷмуа низ маҳз дар ҷараёни чунин ташрифҳо пешниҳод гардид.
Ба гуфтаи мутахассисон, пештар зиёратгоҳ дар як рӯз ҳамагӣ то 12 ҳазор нафарро қабул карда метавонист. Ҳоло бошад, имконият фароҳам шудааст, ки ҳар рӯз то 65 ҳазор меҳмон бо хизматрасонии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул карда шавад. Қаблан қабри мубораки Ҳазрати Имом Бухорӣ дар як ҳуҷраи хурди зери мақбара ҷойгир буд ва ҳамагӣ панҷ-шаш нафар метавонистанд ба он ҷо дароянд. Ин ҳолат ҳангоми ташрифи ҳайати вакилони бонуфуз нороҳатиҳо ба вуҷуд меовард. Ҳоло бошад, дар гирди қабр садҳо нафар метавонанд тиловат кунанд. Дар масҷиди бузурги маҷмуа низ ҳамзамон 10 ҳазор нафар намоз хонда метавонанд. Ин махсусан дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон барои сокинон ва зиёраткунандагони хориҷӣ имконияти бузург фароҳам меорад.
Имрӯз агар ба таърихи сохтмони ёдгориҳои қадимии Самарқанд назар андозем, мебинем, ки онҳо дар давоми солҳои зиёд бунёд шудаанд. Аз ин рӯ, маҷмуаи Имом Бухорӣ, ки тақрибан дар давоми 8 сол пурра аз нав бунёд гардид, низ метавонад ба қатори чунин ёдгориҳои бузург дохил шавад ва ҳамчун рамзи нерӯи бунёдкории халқамон барои асрҳои оянда хизмат кунад.
Дар давоми корҳои сохтмонӣ дар атрофи маҷмаа зиёда аз 20 меҳмонхонаи муосири се ва чорситорадор, қариб 10 тарабхона ва ошхона, ки таомҳои миллӣ ва хориҷӣ мепазанд, 4 истгоҳи бузурги мошинҳо барои зиёда аз 1800 воситаи нақлиёт, тақрибан 40 нуқтаи пуркунии электромобилҳо ва тақрибан 100 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ташкил карда шуданд. Ҳамчунин инфрасохтори маҳаллаи Хоҷа Исмоил пурра навсозӣ гардида, манзилҳои истиқоматӣ ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ аз нав сохта ё таъмир шуданд ва ҳудуд ба як шаҳраки зебо табдил ёфт.
— Пеш аз ҳама барои мо бахти бузург аст, ки дар чунин макони муқаддас зиндагӣ мекунем, — гуфт Ҷамол Нарзиев, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хоҷа Исмоил. — Солҳои охир бо сохтмони маҷмуа ва иншооти атроф симои маҳаллаи мо куллан тағйир ёфт. Дар панҷ деҳаи ҳудуд тамоми шабакаҳои коммуникатсионӣ навсозӣ шуданд. Роҳҳо ва пулҳои нав сохта шуда, ба 48 километр роҳ асфалт хобонда шуд. Зиёда аз 1200 хонадон таъмиру таҷдид гардид. Ҳамаи хонаҳо ба оби нӯшокии марказӣ ва шабакаи канализатсия пайваст шуданд, гази табиӣ ва интернет ворид гардид. Ҳатто симҳои барқ низ аз зери замин гузаронда шуданд. Умуман, ҳамааш мувофиқ ба талаби замон, шароити бештар аз шаҳр муҳайё гардид. То ҳол дар маҳалла зиёда аз 150 субъекти соҳибкорӣ фаъолият доранд ва интизор меравад, ки шумораи онҳо боз ҳам зиёд мешаванд. Танҳо дар соҳаи меҳмонхонаҳо 22 сокини маҳалла дар ҷои зисти худ хонаи меҳмон ташкил кардаанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд бо хизматрасонӣ ба зиёраткунандагон машғул шаванд, дар гирифтани кредит ё субсидия кӯмак мерасонем. Ба зудӣ дирексияи хизматрасонии маҷмаа фаъолияти худро оғоз мекунад, ки дар он зиёда аз 100 нафар кор мекунанд. Бо ба кор даромадани меҳмонхонаҳо бошад, 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Албатта, ба ин корҳо, пеш аз ҳама сокинони маҳаллаамон қабул карда мешаванд. Бо чунин имкониятҳо имсол маҳаллаи мо метавонад аз бекорӣ ва камбизоатӣ пурра холӣ шавад.
Ҳоло дар маҳалла 18 бинои бисёрошёна, инчунин нуқтаҳои зиёди савдо ва хизматрасонӣ бунёд мешаванд. Чанде пеш байни шаҳри Самарқанд ва маҷмааи Имом Бухорӣ хатсайри электробус роҳандозӣ гардид. Ин на танҳо барои зиёраткунандагон, балки барои сокиноне, ки дар Самарқанд кор ё таҳсил мекунанд, низ хеле қулай аст.
Ин макони муқаддас, ки дар арафаи Ҳайити Рамазон ба истифода супурда мешавад, тавре роҳбари давлатамон таъкид кардааст, на танҳо макони зиёрат, балки маркази илм, маърифат, тарбия ва ибрат хоҳад шуд. Мероси илмӣ ва ҷустуҷӯҳои бузурги Имом Бухорӣ барои зиёраткунандагон, махсусан ҷавонон, намунаи ибрат мегардад. Муҳимтар аз ҳама, ин маҷмуа мероси ғании маънавӣ ва нерӯи бунёдкории халқамонро ба таври равшан нишон медиҳад.
Ғолиб ҲАСАНОВ, мухбири ЎзА
