Ин лоиҳа ба муҳокимаи умумӣ пешниҳод шудааст. Дар Ӯзбекистон масъалаи кам кардани синни нафақа барои занон баррасӣ мешавад. Мувофиқи лоиҳаи нав, заноне, ки 20 сол собиқаи корӣ доранд, метавонанд нафақаро як сол пештар аз синни муқаррарӣ гиранд. Ин пешниҳодро Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон таҳия кардааст. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки аз 1-уми июн баъзе хизматрасониҳои соҳаи нафақа бе муроҷиати шахсӣ, ба таври худкор (проактивӣ) анҷом меёбад.
Масалан, шаҳрвандоне, ки бо сабаби ихтисори ҷойи кор, кам шудани ҳаҷми кор ё барҳам хӯрдани корхона аз кор озод шуда, расман бекор эътироф шудаанд, метавонанд нафақаро ду сол пештар аз синни муқаррарӣ гиранд.
Илова бар ин, дар назар аст, ки Бунёди нафақа аз 1-уми январи соли 2027 қабули ҳуҷҷатҳои қоғазиро қатъ намояд. Ин дар навбати худ як қисми ҷараёни пурраи рақамисозии хизматрасониҳои нафақа арзёбӣ мешавад.
