Таомҳои наврӯзӣ
Дар фасли баҳор табиат бедор шуда, аз гулҳо либос мепӯшад. Бачаҳо бойчечакгӯӣ мекунанд. Одамон гули баҳманро ба даст гирифта, мебӯсанду ба абрӯ мемоланд ва барои ба баҳори нав расиданашон шукронаҳо мегӯянд.
Дар ин фасл одамон либосҳои зебо мепӯшанд, таомҳои баҳорӣ мепазанд. Рӯзҳои офтобӣ ба гӯшаҳои табиати зебо баромада, хурсандиҳо мекунанд, ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз карда, ба оилаҳои камбизоат кӯмак мерасонанд. Шахсони қаҳриву ногап оштӣ мекунанд, ҳамаи бадиҳои дар дил доштаро мепартоянд ва бо дили пок зиндагиро идома медиҳанд.
Мо дар ин фасл, иди баҳор, иди зебоӣ, иди меҳрубонӣ — Наврӯзро ҷашн мегирем. Дар Наврӯз одамон таомҳои баҳорӣ — суманак, ҳалим, оши орд, палав, нону фатир, аз гиёҳҳои баҳорӣ бошад, самбӯса, манту, тушбера, бичак ва дигарҳоро пухта, бо якдигар боҳам мебинанд.
Иди Наврӯз на фақат иди баҳор, балки мероси ниёгон ва анъанаи таълимоти бузург аст. Ниёгонамон баробаршавии шабу рӯзро дар Наврӯз, ғолиб омадани некӣ нисбати бадӣ, гармӣ нисбати сардӣ, рӯшноӣ нисбати торикӣ гуфта медонистанд. Чизҳои бадро фаромӯш мекарданд.
Табиати зебо на фақат макони зист, балки ганҷинаи бебаҳои ҳамаи мо мебошад. Гузаштагони мо аз қадимулайём аз олами наботот ва ҳайвонот барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебурданд.
Вақте, ки зимистонро аз сар мегузаронем, дар организми мо миқдори витамин ва дигар моддаҳои фоидаовар кам мегардад ва одамон худро хуб ҳис намекунанд. Барои ҳамин, одамон, инчунин сокинони деҳаи Оқсой ҳам, аз растаниҳои кӯҳӣ нон, самбӯса, манту, барак, бичак ва аз таомҳои баҳории машҳур — суманак мепазанд.
Омода кардани суманак хеле мураккаб буда, онро ҷамоа шуда мепазанд. Ҷараёни пӯхтани суманакро ба забони илмӣ «гидролизи крахмал» меноманд. Дар таркиби суманак ҳамаи намудҳои витаминҳо, ферментҳо ва дигар моддаҳои барои организми одам фоидаовар мавҷуд аст.
Ривоят мекунанд, ки суманак неъмати илоҳӣ мебошад. Онро даставвал бо амри Худо сӣ малак, яъне сӣ парӣ (фаришта) дар деги калон дар давоми қариб як рӯз омода кардаанд. Ҳамин хел карда, аз ҳамин ибораи «сӣ(ҳ) малак» калимаи «суманак» пайдо шудааст. Дар ин бора дигар ривоятҳо ҳам мавҷуданд.
Суманак бо ду роҳ тайёр карда мешавад: якум, суманаки танӯрӣ. Барои ин нисбати се килограмм орд як килограмм гандум мегиранд. Гандуми нешзадаро ҳама якҷоя пора мекунанд ва дар об тар карда, шираашро полида мегиранд. Бо шираи гирифташуда орди гандумро омехта, хамир ҳосил мекунанд ва аз он нони лӯндаи паҳн месозанд. Баъдан, танӯрро сахт тафсон мекунанду хокистарашро ба берун гирифта, нони омодакардаашонро ба қисми поёни танӯр мегузоранд ва даҳони танӯрро бо чӯбу лой маҳкам мекунанд.
Дар давоми 4–5 соат суманаки нонӣ тайёр мешавад.
Роҳи тайёр кардани суманаки дегӣ чунин аст: дар таги дег ҳезумро дармегиронанд ва орду шираи неши гандумро дар дег омехта мекунанд. Ба дег камтар равғани сафед илова менамоянд ва барои нагирифтани тагаш 10–15 дона сангчаи шусташуда мегузоранд. Дегро бо навбат ба кафгири дастадароз мекобанд. Ҳама якҷоя шеъру сурудҳо мехонанд, хурсандӣ мекунанд.
Тахминан дар давоми 19–20 соат суманаки дегӣ тайёр мешавад. Болои дегро бо сарпӯши чӯбин пӯшида, аз болои вай як матои ғафс мегузоранд ва 5–6 соат дам медиҳанд. Вақте, ки сарпӯши дегро мекушоед, дар аксари вақт шакли товус ё дигар шакли зебо ҳосил мешавад. Агар ба ҳамаи қоидаҳо риоя карда шавад, суманаки дегӣ бо ранги ҷигарии сурх омода мешавад.
Истеъмоли суманак якчанд шартҳо дорад: якум, корро бо нияти пок сар мекунед; дуввум, корҳо байни иштирокчиёни суманакпаз мувофиқи нақша тақсим карда мешавад. Саввум, суманакро намефурӯшанд, балки байни ҳамсояҳо ва дигарон ройгон тақсим мекунанд. Чорум, ҳангоми истеъмоли суманак дигар таом истеъмол намекунанд. Онро 3 ё 4 маҳал бо нону чой мехӯранд.
Дар деҳаи Оқсой ҳар ду хели суманакро мепазанд ва бо ҳамсояҳо, хешу таборон, меҳмонон боҳам мебинанд. Ба ин расму оини зебои ниёгон ҳама амал мекунанд.
Норхол БӮРОНОВА,
сокини маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод
