Ovozi.uz

Дар Самарқанд Иди Рамазон ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд

Имрӯз аз субҳи содиқ мӯъмин-мусулмонони вилояти Самарқанд намози мубораки Иди Рамазонро адо карданд. Аз ҷумла, маҷмӯаи Имом Бухорӣ, ки дирӯз бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев расман ифтитоҳ гардид, пур аз намозгузорон шуд. Дар ин ҷо бо сарварии раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ, Шайх Нуриддин Холиқназар имом-хатибони саросари вилоятҳои кишвар, уламо ва ҳамватаноне, ки ният доштанд намози идро дар ин макони муқаддас адо намоянд, ҷамъ омаданд.

Аз ҷониби ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва масъулони дахлдор шароитҳои фароҳамовардашуда барои адои намози ид дар маҷмӯа бори дигар аз назар гузаронида шуд.

Сипас адои намози ид оғоз гардид. Пеш аз намоз таъкид шуд, ки моҳи Рамазони имсола бо шукӯҳу шаҳомати хосса сипарӣ гардида, ғояҳои меҳру мурувват ва ҳамдигарфаҳмӣ бартарӣ доштанд ва чорабиниҳои саховатмандонае, ки баргузор шуданд, ваҳдату ҳамбастагии мардумро боз ҳам мустаҳкамтар карданд.

— Ин ёдгории бошукӯҳ, ки бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон мутобиқ ба мақом ва нуфузи муҳаддиси бузург дар олами ислом бунёд шудааст, бар ҳамаи мо муборак бод, — гуфт Шайх Нуриддин Холиқназар. Зикр гардид, ки ин маҷмӯа ба муносибати Иди Рамазон на танҳо барои мардуми мо, балки барои тамоми уммати мусулмон туҳфаи бузург мебошад. Ин макон на танҳо зиёратгоҳ, балки маркази илму маърифат ва маънавият аст, ки барои ғанӣ гардондани дониш ва ҷаҳонбинии мардум, бахусус ҷавонон, ва густариши тафаккури онҳо хизмат мекунад.

Дар намози ид барои тинҷии Ватанамон, фаровонии зиндагии мардум ва пешрафти кишварамон дуоҳои нек карда шуданд.

Ба муносибати Иди Рамазон дар саросари вилоят чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ, эҳсонҳо ва вохӯриҳои идона ташкил карда мешаванд.