Ovozi.uz

Оромиро дар автобус кӣ таъмин мекунад?

Ҳар рӯз ҳазорҳо нафар аз нақлиёти ҷамоатӣ истифода мебаранд. Барои баъзеҳо ин танҳо як роҳи расидан ба кор ё хона аст, аммо барои нафароне — як қисми муҳими рӯз, ки мехоҳанд онро оромона сипарӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, на ҳамеша дар дохили автобус чунин оромӣ ҳукмфармо аст.

Ҳар рӯз бо нақлиёти ҷамоатии рақами 9, ки дар хатсайри “Сиёб бозор” — “Райсентр” ҳаракат мекунад, ба кор меравам. Роҳ барои ман одатӣ шудааст, вале баъзан пеш аз савор шудан дудила мешавам. Сабаб на серодамӣ асту на дурии роҳ, балки муҳити дохили автобус. Сабаб рафтори баъзе ронандагон аст, ки аз доираи одоби муомила берун мебароянд. Гоҳе бо мусофирон бо овози баланд сухан мегӯянд, гоҳе бо телефони дастӣ асабӣ шуда, бо суханҳои дағалу ҳақоратомез ҷавоб медиҳанд. Чунин муносибат муҳити автобусро боз ҳам нооромтар месозад. Ҳарчанд ин суханҳо ба шумо равона набошанд ҳам, субҳи барвақт шунидани чунин гуфтор табъи касро хира мекунад. Илова бар ин, мусофирон низ ба воситаи телефон бо овози баланд гап мезананд, бо ҳамдигар баҳсу мунозира мекунанд.

Дирӯз бошад, ҳодисае рӯй дод, ки маро ба андеша бурд. Ба автобус савор шудам. Баробари ман ду ҷавонмард ҳам савор шуданд. Онҳо бо ҳамдигар сӯҳбат мекарданд: гоҳ аз фарзандонашон мегуфтанду гоҳ аз футбол. Ногоҳ ронанда бо оромӣ аз онҳо хоҳиш кард, ки автобусро тарк кунанд. Барои мусофирон ин рафтор ғайричашмдошт буд.

Ронанда, ки ҳайрати мусофиронро дид, бо мулоимӣ фаҳмонд, ки дар дохили автобус сӯҳбати баланд ва бо телефон гап заданро иҷозат намедиҳад. Ӯ гуфт, ки ҳар кас бояд ба маданияти мусофирӣ риоя кунад ва оромии дигаронро халалдор насозад. Дар аввал ин рафтор каме сахт менамуд, вале дертар дар автобус оромӣ ҳукмфармо шуд. Ҳамон вақт яке аз мусофирон гуфт: “Кош дигар ронандагон ҳам ҳамин тавр рафтор мекарданд”.

То ба манзил расидан ронанда чанд бор мусофиронро бо оромӣ огоҳ кард. Ҳатто чанд нафарро маҷбур кард, ки сӯҳбати телефониро қатъ ва ё аз автобус фароянд. Ҳамин тавр, дохили автобус ором шуду зери мусиқии форам ба манзил расидам.

Пас саволе ба миён меояд: муомилаву худдории ронандагонро кӣ назорат мекунад? Охир, вақте ронанда худ ором нест, аз мусофир чӣ гуна метавон маданияти рафтор талаб кард?