Ovozi.uz

Бинои нави маҳаллаҳо ба истифода супурда шуданд

Ба муносибати Рӯзи кормандони сохтори маҳалла дар маҳаллаҳои Файзикент ва Янги ҳаёти ноҳияи Каттақӯрғон ва маҳаллаҳои Ӯроқли ва Каптархонаи ноҳияи Булунғур биноҳои нави маҳалла ба истифода супурда шуданд.

Дар биноҳои нав барои фаъолияти самараноки ҳафтгонаи маҳалла тамоми шароити зарурӣ ва қулайиҳо фароҳам гардидааст. Дар қисми боми биноҳо панелҳои офтобӣ насб ва бо ин таъмини бефосилаи неруи барқ таъмин шудааст.

— Имсол аз 1063 маҳаллаи вилоятамон 28-тои он мақоми «Маҳалла дар симои Ӯзбекистони Нав»-ро соҳиб мешавад, то моҳи май 55 маҳалла ба биноҳои нав кӯчонида шуда, дар давоми сол 240 бинои маҳалла таъмир мегардад, — гуфт И. Ҷабборов, роҳбари Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон. — Ҳамчунин, вобаста ба зарурат, заминаи моддӣ-техникии дигар маҳаллаҳо низ мустаҳкам карда мешавад.