Ovozi.uz

Хусусияти меваҳои хушк

Меваҳои хушк агар бе истифодаи маводи кимиёвӣ, ба таври органикӣ парвариш ва хушк карда шаванд, назар ба меваҳои тар гаронтаранд. Он системаи ҳозимаро хуб ва мубодилаи моддаҳоро беҳтар мекунад.

Миқдори минерал ва витаминҳо ҳатто аз меваҳои тару тоза зиёдтар аст. Дар таркиби онҳо миқдори зиёди оҳан, калий (фишори хунро мӯътадил мегардонад), витамини В мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо барои фаъолияти мӯътадили майна, системаи асаб, дил ва мушакҳо заруранд. Хӯрдани меваҳои хушк боиси афзоиши сатҳи инсулин дар хун намешавад ва ин эҳтимоли фарбеҳиро кам мекунад. Меваҳои хушки зардолу, себ индекси гликемикии пасттарин доранд. Мавиз барои дандон ва холигоҳи даҳон хеле муфид аст. Он дорои моддаҳое мебошад, ки ба афзоиши бактерияҳои даҳони инсон монеъ мешаванд. Истифодаи мавиз роҳи хуби пешгирии бемориҳои пародонт мебошад. Хурмо сатҳи энергетикӣ ва самаранокии онро зиёд мекунад. Зардолуи хушк ба кори дил таъсири мусбат мерасонад. Калий, калсий, каротин, фосфор, оҳан ва витамини B5 дорад. Анҷир ғадуди сипаршаклро муҳофизат мекунад, паразити рӯдаҳоро нест мекунад. Олуқоқ ба рӯдаю меъда таъсири судманд мерасонад. Илова бар ин, он барои мушкилоти дил, фишори баланди хун муфид аст.