Имсол дар соҳаи ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд, ки дар асоси низоми нав фаъолият мекунад, корҳои бузурге барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббии зуд ва босифат ба аҳолӣ анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз биноҳои нави истгоҳҳои ёрии таъҷилии шуъбаи вилоятии Маркази илмии ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Пастдарғам, Булунғур, Оқдарё ва Ургут ба истифода дода шуданд.
Ин иншоот дар доираи бурдҳое, ки дар мавсими аввали лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор»-и соли 2025 ба даст оварда шудаанд, сохта шудаанд.
Ҳамаи биноҳо ба тарзе сохта ва муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, барои беморон ва кормандони тиббӣ қулайиҳои ҳамаҷониба фароҳам оварда шудаанд.
