Мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунанда, ворид намудани дастгоҳи алоқаи моҳвораии Starlink ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бидуни иҷозатномаҳои дахлдор ва истифодаи он манъ шудааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби шаҳрвандон кӯшишҳои ғайриқонунии ворид намудани ин дастгоҳ тавассути постҳои гумрукии сарҳадӣ мушоҳида мешаванд.
Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони пости гумрукии сарҳадии «Ҷартепа» чунин ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд. Воситаи нақлиёти тамғаи «Mercedes Benz», ки таҳти идораи як шаҳрванд аз давлати ҳамсоя ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид мешуд, тибқи тартиби муқарраргардида аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар қисми бағоҷи воситаи нақлиёт як адад дастгоҳи Starlink бо арзиши тахминан 6 миллион сӯм мавҷуд будааст, ки дар декларатсияи гумрукии мусофир нишон дода нашуда ва барои он иҷозатномаи дахлдор низ вуҷуд надошт. Аз рӯи ин ҳолат ҳуҷҷатҳои протсессуалӣ ба расмият дароварда шуданд.
Тибқи хулосаи Хадамоти мутобиқати электромагнитии вилояти Самарқанд, бори дигар тасдиқ гардид, ки ворид намудан ва истифодаи чунин дастгоҳи алоқаи моҳвораии орбиталӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бидуни иҷозатномаҳои махсус ғайриимкон аст.
Ҳоло нисбат ба ин ҳолат ба шаҳрванд тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
