Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ҷашни 90-солагии собиқ устоди факултети филологияи ҳамин донишгоҳ, олими забоншинос, шодравон Амон Воҳидов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки устодон ва донишомӯзони факултет, дӯстон, ҳамгузарон ва аҳли оилаи олим, инчунин кормандони васоити ахбори оммавӣ иштирок доштанд, хидматҳои беназири Амон Воҳидов, ки барои рушди забоншиносӣ ва хосатан луғатнигорӣ адо намудааст, эътироф гардид.
Аз ҷумла, проректори якум оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавият Субҳон Аббосов, профессорони факулта Садрӣ Саъдиев ва Ҷумъақул Ҳамроев, дотсент Гулноза Адашуллоева, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Самарқанд Шуҳрат Самадов ва дигарон дар ҳаёт ва фаъолияти илмии А.Воҳидов ҳарф зада, таъкид карданд, ки профессор дар солҳои аввали фаъолияташ дар ҳайати гурӯҳи мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, М., 1969) кор кардааст ва дар бораи «Ғиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин рисолаи номзадӣ навиштааст. Инчунин, ба қалами Амон Воҳидов мақолаҳо оид ба фарҳангҳои дар асрҳои миёна навишташуда, рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ тааллуқ доранд.
Дар идомаи чорабинӣ директори Донишкадаи забон ва маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ Ҷӯлибой Элтазаров, узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва устоди Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва смёсати Хуҷанд Туғрал Шокировҳо ба тарзи онлайнӣ маърузаҳо карданд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои пайвандони А.Воҳидов ба итмом расид.
Баҳора Раимбоева,
шунавандаи «Мактаби маҳорат»-и назди рӯзномаи «Овози Самарқанд»
