Ovozi.uz

Шифокорони Самарқанд ғолиб шуданд

Аз 9 то 11-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таҳти мавзӯи «Муаммоҳои пурдолузарби ташкили ёрии таъҷилии тиббӣ – 2026» анҷумани илмиву амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ озмуни байналмилалии «Беҳтарин ҷамоаи ёрии таъҷилии тиббӣ» гузаронида шуд, ки дар он ҳамагӣ 19 ҷамоа иштирок намуд. Дар байни онҳо, баробари тамоми минтақаҳои кишвар, инчунин дастаҳои институтҳои тиббии Қароқалпоқистон ва Андиҷон, ҳамчунин намояндагони шаҳрҳои Уфаи Россия, Мински Беларус ва Семейи Қазоқистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мусобиқа иштирокчиён маҳорати худро дар самтҳои муҳим, аз ҷумла расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва кӯмак ба зарардидагони ҳодисаҳои нақлиётӣ нишон доданд. Ин ҳолат сатҳи омодагии касбӣ ва қобилияти қабули қарорҳои фаврии онҳоро равшан ифода намуд.

Аз рӯи натиҷаҳо, ҷойи сеюм насиби ҷамоаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва филиали вилояти Фарғона гардид. Ҷойи дуюмро ҷамоаи Беларус ва филиали Қарақалпоқистон соҳиб шуданд. Ҷои аввалро бошад, ҷамоаи шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ва ҷамоаи филиали вилояти Самарқанд ба даст оварданд.