Ovozi.uz

Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таълим ҳамкор мешаванд

Дар Самарқанд Анҷумани донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи анҷуман ҷонишини роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Сироҷев, Вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қӯнғиротбой Шарипов, Вазири илм ва таълими олии Ҷумҳурии Полша Мартсин Кулясек, Вазири ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асилбек Худоёров, сафири фавқулодда ва мухтори Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон Тойво Клаар (тавассути Zoom) ва дигарон андеша ва пешниҳодҳои худро, ки ба амиқтар кардани шарикӣ дар соҳаи таълим ва илм нигаронида шудаанд, баён карданд.

— Муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо масъалаҳои тиҷоратӣ маҳдуд намешаванд, аз замонҳои қадим ин ду минтақа дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва таълим ҳамкорӣ кардаанд, — гуфт ҷонишини роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Сироҷев. — Шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Хива ҳамчун марказҳои илму таълим байни Ғарб ва Шарқ хидмат кардаанд. Анҷумани байналмилалии имрӯза, ҳамчун идомаи ҷудонашавандаи ин пояи қадимӣ, заминае барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории мо хоҳад буд.

Имрӯзҳо муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мундариҷаи нав ғанӣ мегарданд. Ӯзбекистон бо ташаббуси худ дар ин ҷараён фаъолона иштирок мекунад. Президентамон ба рушди фазои ҳамсоягии нек ва эътимоди мутақобила байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқи ислоҳоти пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Агар қаблан ҳамкорӣ дар самтҳои алоҳида сурат мегирифт, имрӯз он хусусияти стратегӣ мегирад.

Дар анҷуман самтҳои нави ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, равишҳои стратегӣ ва вазифаҳои устувори оянда муфассал баррасӣ шуданд.

— Ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ рушд мекунад ва муҳим аст, ки ба илм, таълим ва инноватсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, — гуфт вазири илм ва таълими олии Ҷумҳурии Полша Мартсин Кулясек. — Форуми сеюми ректорони Полша ва Ӯзбекистон, ки дар доираи анҷуман баргузор шуд, низ дар баланд бардоштани ҳамкории мо нақши махсус мебозад. Имрӯзҳо беш аз 1700 донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар Полша таҳсил мекунанд. Дар форуми имрӯза беш аз 30 ректори муассисаҳои таълими олии мо иштирок карданд. Мо мақсад дорем, ки ҳамкории худро минбаъд низ рушд ва дар ин роҳ мубодилаи олимон ва донишҷӯёнро боз ҳам густариш диҳем.

Мақсади асосии анҷуман муҳокимаи масъалаҳое мебошад, ки ба ташаккули платформаи қавии академӣ байни донишгоҳҳо, васеъ кардани барномаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқоти илмӣ, фаъолсозии ҳаракати академӣ ва беҳтар кардани сифати таълим, тақвияти рақобатпазирии донишгоҳҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ба маркази ягонаи дониш ва инноватсия табдил додани Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.

Дар анҷуман дар мавзӯъҳои трансформатсияси иҷтимоӣ, этикаи зеҳни сунъӣ ва истифодаи маълумоти зиёди иқтисодӣ, ҳамкории донишгоҳ ва саноат дар самти муҳандисӣ ва технологияҳо, роҳандозӣ намудани трансформатсияи «сабз» ва ғайраҳо сессияҳо гузаронида шуданд.
Дар чорабинӣ мулоқотҳои дуҷониба ва B2B, маросимҳои имзои меморандумҳо баргузор гардиданд.

Дар анҷуман ба густариши барномаҳои таълими дуалӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, биотиб ва технологияҳои «сабз», иштироки фаъолона дар барномаҳои Erasmus+ ва Horizon Europe ва тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва саноат эътибор нигаронида шуд.

ӮзА