Ovozi.uz

Дар гаштак гап бисёр, вале…

Бо ду-се нафар дӯстон ба қаҳвахона даромадем. Қиёфа ва синну соли моро дида, пешхизмати ошхона фаҳмонд: дар ду хонаи алоҳида гаштаки занон давом дорад ва онҳо ба таомхӯриву суҳбати шумо халал мерасонанд. Чунки бонувон мисли мардон нестанд, ки як кас гап мезанаду дигарон гӯш мекунанд, баръакс, ҳама гап мезананду касе намешунавад…

Мо қафо гаштем ва дар як гӯшаи камодаме нишаста, суҳбат карданро авло донистем.

Пештар мардум гаштакро дар чойхонаи деҳаҳо асосан дар байни мардон дар фаслҳои зимистон фориғи кору бори деҳқонӣ ташкил мекарданд.

Дар деҳаҳо мардон одатан баъд аз намоз дар масҷид, дар чойхона ва ё дар ягон ҳавлӣ ҷамъ мешуданд. Дар он ҷо масъалаҳои деҳаро баррасӣ менамуданд, мушкилоти байниҳамдигарӣ ҳал мегардид ва роҷеъ ба масъалаҳои муҳими зиндагӣ маслиҳати калонсолон шунида мешуд.

Дар шаҳрҳо гаштак — нишастҳои мардон бештар фарҳангӣ буданд: шеър мехонданд, баҳсҳои адабӣ ташкил мекарданд, қиссагӯиву достоншунавӣ менамуданд, суруду мусиқӣ мешунавиданд. Ин гуна нишастҳо аз гаштак дида, бештар ранги «давра» ё «ҷамъомад»-ро доштанд.

Дар ин гуна ҷамъомадҳо нӯшокии масткунанда расман қабул набуд. Аммо дар баъзе давраҳо пинҳонӣ ва аз рӯи меъёр вуҷуд дошт.

Тамоми гаштакҳои пешина зери назари калонсолон, дар ҳудуди одобу эҳтиром ва бо мақсадҳои иҷтимоӣ гузаронида мешуданд.

Имрӯз бештар истироҳатӣ ва баъзан бе назорати калонсолоне, ки ҳама гапҳои ӯро ба инобат гирад, баргузор мегарданд.

Умуман, гаштак — ҷамъшавии дӯстону шиносон барои суҳбату гуфтугӯ, хандаву шӯхӣ, якҷоя хӯрдани хӯрок ва барои гузаронидани вақтхушӣ аст. Дар рафти гаштак баъзе масъалаҳои муҳими байниҳамдигарӣ ҳал карда мешаванд.

Пештар гаштаку гаштакхӯрӣ дар байни занон маъмул набуд. Вале солҳои охир гаштакгардии занону арӯсон аз ҷамъшавии мардон зиёд шудааст.

— Ҳоло гаштакбозии занон ба дили аксари мардон задааст, — гуфт сокини маҳаллаи Қамчинони ноҳияи Самарқанд Ф.Адашев. — Онҳо қариб ҳар рӯз гурӯҳ-­гурӯҳ, ба гаштак мераванд. Дар хонаҳо ками кам, аксаран дар ошхонаву ресторанҳо ташкил мекунанд. Чунки дар он ҷойҳо ташвишу тараддуд кардан шарт не. Боз як дафъа дар як тарабхона шинанд, дафъаи дигар дар ошхонаи баландпоятар ташкил мекунанд. Баъзе занҳо аъзои якчанд гаштак. Як рӯз бо ҳамсояҳо, рӯзи дигар бо ҳамдеҳагон, боз бо ҳамсинфон ё хешу таборҳо гаштак доранд. Хулоса, дар як моҳ ба се-чор гаштак мераванд. Гаштакҳо ҳам 1–2 не, то 4–5 соат давом мекунанд. Албатта, инҳо ҳамин тавр намешаванд. Дурудароз, ки ҷоғ мезананду суҳбат мекунанд, се-чор хел хӯрок мефармоянд. Ба ҳамаи онҳо, албатта, маблағ лозим. Ҳол он ки аксари занҳо дар ягон ҷо кор намекунанд…

Аз рӯи ақидаи психологҳо гаштак тарафҳои мусбат ҳам дорад. Занҳо дар он иштирок карда, суҳбат меороянд, хабарҳои навро мешунаванд, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд, масъалаҳои оилавии худро баррасӣ менамоянд. Хулоса, ин падида дар ҷомеа як навъ муоширати иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани робитаҳо мебошад. Он тарафҳои манфӣ: сарфи зиёди маблағ, кам шудани вақт барои оила ё кор, рақобати беҳуда (либос, таом, намоишкорӣ), хастагӣ ва ғайра дорад. Агар бо меъёр гузарад ва буҷаи оила зарар набинад, корҳои муҳим ақиб намонанд, нофаҳмӣ дар хона пеш наояд, боиси фишори молиявӣ нашавад, метавонад як чизи муқаррарӣ бошад.

Вале, дар ин бобат аз меъёр берун баромадани занон аз ҳад зиёд аст. Мо оиди ин масъала аз фаъоли занони маҳаллаҳои ноҳияи Самарқанд пурсон шудем. Яке аз онҳо бе зикри ному насаб розӣ шуд, ки фикрашро баён намояд:

— Худи ман ҳам бо тарғибу ташвиқи ҳамсояҳо аъзои гаштаки занони деҳа шудам. Он пулакӣ буд. Ҳама ҷамъ омада, аз ҳисоби худ дар ошхонаву ресторанҳо таомҳои дилхоҳи худро мехӯрданд ва худашон ҳисобӣ мекарданд. Инчунин, аз ҳар кас 500‑ҳазорсӯмӣ ҷамъ карда, аз рӯи навбат ба дасти яке аз гаштакхӯрҳо месупурданд. Барои ҳамин пулаш шуда, ман ҳам ба гаштак ҳамроҳ шудам. Гапу суҳбатҳояшон ба ман маъқул нашуд. Ҳама аз таърифи худу ғайбати занони дигар ҷоғ мезаданд. Мабодо суҳбат аз саломативу тандурустӣ оғоз ёбад, ҳама маҳмадоно шуда, кӣ чӣ хел касал шуд, бо кадом роҳҳо табобат ёфт, сухан мекарданд. Ҳатто, худашон духтур набошанд, ки маслиҳатҳои гуногун медоданд. Хулоса, дар як навбати гаштак иштирок карда, баъд аз баҳраш баромадам. Ҳоло бар замми корҳои маҳалла, агар вақтам шавад, дар хона китоб мехонам, ба дарстайёркунии набераҳо ёрдам мерасонам. Аз рӯи шунидам, як ҷавонзани калонгапи мағрур, ки шавҳараш дар хориҷа кор мекард, пулҳои шавҳарашро бо панҷшоха бод медодааст. Либосҳои куҷошинам пӯшида, ба зару зевар ғӯтида буд. Як қадам роҳ бошад, ки таксӣ ҷеғ мезад. Хӯроке хӯрдан хоҳад, дархост медод ва барои ӯ аз ошхонаву ресторанҳо меоварданд. Хулоса, пас аз ҳафт сол шавҳараш баргашт. Фаҳмид, ки аз пулҳои фиристодааш ному нишоне нест, қариб девона шавад. Бо он маблағҳо, ки арақи ҷабин рехта ёфтааст, як олам орзую ниятҳояшро рӯи об гардонданӣ будааст. Бачаҳояш калону духтараш лоиқи шавҳар буд. Аз алам ба нӯшидан дода шуд. Шабу рӯз нӯшида, бо касалии сиррози ҷигар аз олам гузашт. Занаш акнун сарашро ба кадом гӯру лаҳад заданашро намедонад. Албатта, ҳамаи занҳо як хел нестанд. Пулро бинанд, аз худ намераванд. Як ҷавонзанеро мешиносам, ки шавҳараш барои пулкоркунӣ ба Россия рафта буд. Аҳволи зиндагониаш бад бошад ҳам, худи занак кор кард. Аз ҳисоби музди меҳнати худ рӯз гузаронд, пули боғчаи кӯдакашро дод, ба фарзанди калониаш сару либос харид. Шавҳараш чӣ гапу қиссаеро шунида, ба хонааш баргашта, занашро ба истинтоқ гирифтааст, ки пули фиристодаи маро ту барбод додаӣ. Занак, ба як тини ҳамсараш хиёнат накарда, бегапу ҳарф пулҳои фиристодаи шавҳарашро тин ба тин бароварда нишон додааст. Кам не, ҳатто як сӯм — ду сӯми худро ҳам ба болои пули шавҳараш зам карда будааст. Ба шарофати чунин занҳо меҳру муҳаббати байни зану шавҳар мустаҳкам, оилаҳо пойдор мегарданд.

Занҳо, ки корҳои зиёди хонавода ва тарбияи фарзандҳо асосан дар зиммаашон ҳаст, ҳақ доранд, ки дар гаштакҳо иштирок карда, вақташонро пурмазмун гузаронанд. Ба меъёр ва урфу одатҳои миллӣ риоя кунанд. Вале баъзан дар гаштакҳо нӯшида, сархуш шудани занон ҳам ба назар мерасад, ки албатта, ин оқибатҳои нохуш ба бор меорад…

Б.ҶУМЪАЕВ