Дар Маркази вилоятии ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкин муаррифии маҷмуаи «Мавзӯъҳо барои баррасӣ» («Муҳокамадаги мавзулар») аз силсилаи «Китобхонаи рӯзномаи “Зарафшон”», инчунин китобҳои журналист Тӯлқин Сиддиқов «Аз бефарқӣ ба бедорӣ» («Бефарқликдан бедорликка»)ва рӯзноманигори собиқадор Турғунбой Ҳасанов «Хоби рӯбоҳ» («Тулкининг туши») баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва таҳририяи рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» доир шуд, зиёиёни вилоят, рӯзноманигорон, дӯстдорони адабиёт, донишҷӯён ва намояндагони васеи ҷомеа иштирок намуданд. Дар он на танҳо мазмуну муҳтавои китобҳо, балки раванди эҷодӣ, омилҳои илҳомбахши муаллифон ва масъалаҳои мубрами дар онҳо матраҳшуда мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Маҷмуаи «Мавзӯъҳо барои баррасӣ» байни иштирокчиёни чорабинӣ таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд овард. Дар он муҳимтарин мушкилоти замон, масъалаҳои нозуки марбут ба ҷомеа ва рӯҳияи инсон ба таври амиқ таҳлил шудаанд. Мақолаҳо хонандаро бетараф намегузоранд, балки ӯро ба андешидан, мулоҳиза кардан ва тафаккур водор месозанд.
Дар китоби «Аз бефарқӣ ба бедорӣ» муаллиф масъалаи иллати ноаён — бефарқиро, ки садди роҳи рушди ҷомеа мегардад, амиқ таҳлил кардааст. Мақсади асосии китоб на айбҷӯӣ, балки бедор сохтани хонанда ва ба фикр водор намудани ӯст.
— Мушкилоти бузург аксаран аз бефарқиҳои хурд оғоз меёбанд, – гуфт рӯзноманигори хизматнишондодаи Ӯзбекистон Фармон Тошев. — Ҳолатҳое, ки дар назари аввал одӣ менамоянд — беҳуда сарф кардани вақт, қадр накардани имконият, беэътиборӣ дар тарбия — оҳиста-оҳиста ба ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин китоб маҳз ба ҳамин нуқтаҳои ноаён таваҷҷуҳ намуда, инсонро дар бораи тарзи зиндагӣ ва мавқеи худ андешидан дводор месозад.
Китоби «Хоби рӯбоҳ»-и Турғунбой Ҳасанов бошад, бо услуби сода ва таъсирбахши худ фарқ мекунад. Гарчанде шеърҳои он барои кӯдакон навишта шудаанд, калонсолон низ метавонанд аз онҳо дар бораи ҳақиқатҳои зиндагӣ, фазилатҳои инсонӣ ва хатти нозуки байни некӣ ва бадӣ хулосаҳо бароранд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳои маънавию маърифатӣ дар боло бурдани фарҳанги китобхонӣ ва тарбияи насли ҷавон аҳамияти муҳим доранд.
