Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон “Мактаби ректорон” ба роҳ монда мешавад

Бо қарори Ҳукумат дар назди Донишгоҳи “Янги Ӯзбекистон” барномаи нави “Мактаби ректорон” таъсис дода мешавад.

Аз 1-уми июли соли 2026 барнома барои омода намудани номзадҳо ба вазифаи ректори муассисаҳои таълими олӣ оғоз мегардад.

Шартҳои иштирок:

  • синни то 30-сола
  • доштани дараҷаи магистр
  • на камтар аз 5 сол таҷрибаи корӣ (аз ҷумла 2 сол дар вазифаи роҳбарӣ)

Дар доираи барнома иштирокчиён дониш ва малакаҳои худро дар самтҳои зерин такмил медиҳанд:

  • идоракунии академӣ, молиявӣ ва инноватсионӣ
  • зеҳни сунъӣ ва рақамисозӣ
  • идоракунии стратегӣ ва трансформатсия

Барнома то 6 моҳ (онлайн ва офлайн) идома меёбад ва ҳар сол 80 нафар қабул карда мешаванд.

Беҳтарин 40 нафар барои такмили ихтисос ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла Ҳарвард фиристода мешаванд.