Ovozi.uz

Садоқат ба шоҳи фанҳо

Доктори фанҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон Солеев 75-умин баҳори умри худро ҷашн мегирад.

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Қариб 70 харбузапазӣ аст, ки бо доктори фанҳои физика-математика, ноиб-ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инсони хоксору росткор, меҳрубону дарёдил Аҳмадҷон Солеевич бо ҳам риштаи дӯстӣ дорем, дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ ҳамроҳ мебошем, аз суфраи якдигар нону намак мехӯрем, рӯзҳои истироҳат сайри кӯҳсор мекунем ва барои пирӯзӣ рӯи тахтаи шоҳмот талош варзида, «набардҳои шадид» анҷом медиҳем.

Тааҷҷубовар, вале ҳақиқат аст, ки бо ин ҳама, вақте тасмим бар ин шуд, ки дар бораи соҳибҷашн матлабе нависам, ба ин натиҷа расидам, ки навиштани мақола дар бораи чунин шахси фозилу доно, сухандону сухансанҷи ҷаҳонгашта кори осон набудааст. Бо вуҷуди ин, кӯшиш ба харҷ додам, ки матлаби дӯстон амалӣ гардад.

Ёди айёми ҷавонӣ

Бе азми дурусту саъйи комил,

Касро нашавад мурод ҳосил.

Аҳмадҷон аз волидайн тарбияи нек гирифт. Аз нобаробарию душвориҳои рӯзгор ноумеду дилшикаста нашуда, баҳри расидан ба қуллаи мурод пайваста ва суботкорона кӯшиш ба харҷ дод. Падари бузургвораш мехост нахустфарзанд мисли вай ба табиат, рустаниҳо дилбаста шуда, ба факултаи биология ё кишоварзӣ дохил шавад, вале ба фанни душвор — математика шавқаш афзуд.

Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки боре холабачаҳои ӯ аз шаҳри Самарқанд ба меҳмонӣ омаданд. Аҳмадҷон саргарми ҳалли мисолҳои математикӣ буд ва сари калобаро намеёфт.

— Роҳи осон ана ин тавр, — Озодҷон мисолро зуд ҳал карда, бо завқ хандид. — Ин кор ҳеҷ душворӣ надорад-ку?!

— Муаллимамон ба тарзи дигар ҳал карда буданд, — ҳайрон шуд Аҳмадҷон. — Якто мисолро бо чаҳор-панҷ роҳ ҳал мекунанд ва барои ҳамин фанни математика шавқовар аст. Рӯзи дигар омӯзгор аз хонандагон вазифаи хонагиро пурсид. Аҳмадҷон дар як нафас масъаларо бо роҳи дигар ҳал намуд. Омӯзгор дар тааҷҷуб афтод.

— Муаллим, ман боз се тарзи тасрифи мисолҳоро медонам, — гуфт ӯ ва роҳҳои онҳоро нишон дод.

Баъди ҳамон воқеа Аҳмадҷон иштирокчии озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ шуд.

Дониш шавад зи озмоиш фузун

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

Аҳмадҷон на танҳо аз риёзӣ, инчунин аз дигар фанҳо ҳам аълохон буд. Омӯзгори кимиё Рубинов умедваор буд, ки аз ӯ Менделееви замон ба камол мерасад. Муаллимаи забони русӣ Болшакова андеша дошт, ки шогирдаш ба адабиёти рус таваҷҷуҳ меоварад. Инчунин, дигар устодон ӯро вориси муносиби худ медонистанд.

Аҳмадҷон мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кард. Ба корҳои сохтмон дилбастагӣ дошт, ки ҳуҷҷатҳои худро ба донишкадаи навтаъсиси меъморию бинокории Самарқанд супурда, ба имтиҳони қабул тайёрӣ дид. Аз ин воқеа роҳбари маҳфили «Математикони ҷавон» Асад Амонов хабар ёфта, коҳиш дод:

— Шумо, додарҷони азиз, куҷо рафтед? — чун ҳамеша бо чеҳраи кушод гилаомез пурсид вай. — Зуд ҳуҷҷатҳоро оварда ба факултаи мо супоред. Ин чӣ гап, об дар хонаю мо ташналабонем.

Аҳмадҷон хиҷолатомез узри маънӣ намуд. Аммо дар кадом як гӯшаи дилаш шоду масрур буд, ки харидор дорад.

Донишгоҳи давлатии Самарқанд ӯро ба оғӯши худ гирифт. Вай дар курси чаҳорум таҳсил мегирифт, ки аз Москва Брюно ном олими ҷавон омад.

Дар давоми се моҳ ҷавонони самарқандӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтанд. Онҳо пеш аз бозгашти Александр Дмитревич аз курси махсуси риёзӣ ба ӯ имтиҳон супурданд. Аҳмадҷон Солеев ва чанд нафари дигар низ хоҳиши аз санҷиш гузаштан карда, диққати муаллими русро ба худ кашиданд. Олими рус аз 12 нафар танҳо ду нафарро интихоб кард.

Аҳмадҷон аз волидайн фотиҳа гирифту ҳамроҳи ҳамкурсаш ба Москва омад. Донишгоҳи ба номи Ломоносов ӯро ба ҳайрат гузошт. Дар хусуси ин маскани илму ирфон аз рӯзномаю маҷаллаҳо бисёр хонда буд, аммо ба қавле «Шунидан кай бувад, монанди дидан».

Пурдида — пурдон, нодида — нодон

Нашавад мард пухта бе сафаре,

То накӯшӣ, набошадат зафаре.

Александр Дмитревич намояндагони Самарқандро хуш пазируфт. Барои хоб аз хонааш ҷой дод. Дар донишгоҳ низ роҳбалад буд. Бо чанд ҳамкасбони худ ошно сохта, барои донишомӯзии онҳо дасти ёрӣ дароз кард. Аҳмадҷон ва дӯсти ҳамкурсаш ҳангоми саволу ҷавоб бо донишҷӯёни Москва фаҳмиданд, ки дониши онҳо кофӣ нест. Аз ҳамин сабаб аз бахши аввал ҳамчун шунавандаи озод асрори риёзиро аз сари нав ба омӯхтан пардохтанд.

Вай пайваста мехонду меомӯхт, таҳлил мекарду дониши худро месанҷид. Меҳнати ӯ барабас нарафт. Вай бо дониши баланди худ дар байни донишмандони Москва ба эҳтиром соҳиб шуд. Оё ба академикҳои машҳур чун Тихонов, Арнолд, Зорич, Оленик, Тихомиров ва дигарон супоридани имтиҳон кори саҳл аст? Маҳз бо хайрхоҳиву дастгирии онҳо номзади фан шуд.

Ӯ бо роҳхат ба Донишгоҳи Самарқанд ба кор омад. Аввал омӯзгори одӣ, сипас дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо гардид. Илму дониши дар Москва гирифтаашро ба ҷавонон ҳаматарафа меомӯзонд.

Соли 1987 дар маҷаллаи бонуфузи «Алгебра и анализ» мақолаи баҳсталаби калонҳаҷми худро эълон кард, ки барои ҳимояи рисолаи доктори фанҳои физика-­математика муносиб дониста шавад. Дар ҳақиқат, он диққати олимони соҳаи риёзии тамоми ҷаҳонро ба худ кашид. Пасу пеш даъватномаҳо омаданд. Дар аксарияти онҳо аз Аҳмадҷон хоҳиш мекарданд, ки дар ҷамъомади олимон ва дар донишгоҳҳои маъруф маърӯза хонад.

Аҳмадҷон соли 1994 рисолаи докториро бо муваффақият ҳимоя намуда, унвони профессориро низ гирифт. Сипас, азми сафари хориҷа кард. Сафари аввалини ӯ аз мамлакати Эрон оғоз ёфт. Вай дар донишгоҳҳои Теҳрону Машҳад, Шерозу Нишопур маърӯза хонд. Дар рӯзҳои фориғ аз тадрис мақбараҳои пайғамбарони назми тоҷику форсро ҳам зиёрат намуд. Аз боздиди қадамҷои Абулқосим Фирдавсӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Умари Хайём ба ваҷд омад.

Вай баъди сафари Эрон бо тақозои касб ба Франсия, Белгия, Англия, Канада, Америка, Япония, Швейсария, Италия, Полша, Испания, Тайланд, Ҳолланд, Германия, Чехия, Гретсия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сафар намуд.

Оқил ба фазлу ҳунар нозад

На донотар он кас, ки волотар аст,

Ки волотар аст, ки донотар аст.

Дар як қитъаи дурдаст — дар як гӯшаю канори дунё — дар шаҳри Торонто истода, аз зебоии табиат баҳра бардошта, аз он қаноатманд буд, ки кӯшишу ғайраташ барабас нарафтаанд. Шабҳои бехобӣ болои ҳалли мисолу масъалаҳои риёзӣ самараи худро доданд. Вай ба ивази ранҷи бешумори худ соҳиби ҳам бахту ҳам тахт гардид.

Пас аз сафари Канада ӯро мудири кафедраи алгебра ва геоматрияи факултаи механика ва математика таъин намуданд. Баъди се соли он бар зиммаи ӯ вазифаи басо пурмасъулият — муовинии раиси Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар бахши таълиму тарбия вогузоштанд. Бо вуҷуди пурташвиш будан пайваста бо кори илмӣ машғул мешуд. То имрӯз беш аз ҳафтод номгӯй мақолаҳои оммабобу баҳсталаб навишта, дар рӯзномаю маҷаллаҳои бонуфузи дунё чоп кард. Се маротиба ғолиби озмуни Сорус гардид, ки ин мукофот барои мақолаҳои беҳтарин дода мешаванд. Кори илмии ӯ дар бобати ҳалли махсуси муодилаҳои алгебрию диференсиалӣ ва бисёркунҷаи Нито, ки дар асоси он рисолаи докториро ҳимоя кардааст, ба забони англисӣ ва фаронсавӣ интишор шуд ва олимони хориҷӣ ба он баҳои баланд доданд.

Аз ҳама муҳимаш, бо ташаббуси ӯ дар шаҳри бостонии мо анҷуманҳои гуногуни математикҳои ҷаҳон низ гузаронида мешаванд.

Дар донишгоҳи бонуфузи Канада дарс гуфтани ӯ низ самараи корҳои илмии ӯ буд. Вай дар давоми чор моҳ аз таҷрибаи бои худ нақл кард. Профессори донишгоҳи Торонто Ёахим Газен аз корҳои илмии ӯ ба ваҷд омада гуфт, ки олими самарқандӣ метавонад бо Академияи Канада ҳамкорӣ кунад ва ҳукумати ин мамлакат тайёр аст барои ӯ равияи нав дар фан таъсис намояду ҳаматарафа дастгирӣ ва кумак расонад. Инчунин маблағи кофӣ низ ваъда кард. Аммо ӯ донишгоҳи худ ва зодгоҳаш — Самарқандро афзал донист.

Ҷон хонаи худ, дилу ҷон хонаи худ

Он ки дар касби худ ранҷ барад,

Ранҷ набвад, ки пай ба ганҷ барад.

Кафедраи алгебра ва геометрия, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, маскани дӯстдоштаи математикони на танҳо донишгоҳ, инчунин мактаби таҷрибаомӯзии муаллимони вилояту ҷумҳурӣ мебошад.

Камина дар куҷое хонда будам, ки риёзӣ шоҳи тамоми фанҳост ва дӯстдоштаи вай — ҳақиқат асту либосаш соддагӣ ва равшанист. Зебоии он танҳо бо чашми ақлу хирад намоён мегардад. Рақамҳои сарду муодилаҳои зоҳиран хушку холии риёзӣ ботинан аз ҳарорати баланд ва зебоӣ пур мебошанд. Онро бо ақлу зеҳни баланд дарк метавон кард. Бинобар ҳамин, ҳаёт бо ду чиз ороиш меёбад: бо риёзӣ машғул шудану аз он дарс гуфтан.

Тарзи зиндагии дӯсти ҳаммактабам Аҳмадҷон Солеев низ тасдиқи гуфтаҳои болоист.

— Риёзӣ чӣ тавр пайдо шудааст? — боре пурсидам аз ӯ.

— Бо боварии том метавон гӯям, ки баробари пайдоиши одам, — посух дод Аҳмадҷон Солеевич. — Дар замони қадим гузаштагони мо ба шикор мерафтанд. Он чизе, ки ба даст меоварданд, байни худ тақсим мекарданд. Мумкин дар навбати аввал бо кумаки ангуштҳо шумора пайдо шуд. Баъд панҷаҳо низ барои ададҳои бисёр камӣ кард, маҷбур шуданд, ки аз сангчаю чӯбча истифода баранд. Бо мурури замон усули ҳисоб тараққӣ ёфт. Аз ин ҷо дар мафҳуми мо калимаҳои «ҷамъ», «тарҳ», «тақсим» ва ғайра пайдо шуд. Ченкуниро дар Миср кашф карданд. Аз ҳамин сабаб Қоҳираро ватани геометрия мешуморанд.

Ҳоло мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон дар хар як қадам бо риёзӣ рӯ ба рӯ мешавем. Масалан, пагоҳирӯзӣ аз хоб хеста, ба соат менигарем ва вақтро мефаҳмем. Ё хона созем, боз ҳисобу китоб лозим аст. Хулоса, хаётро бидуни риёзӣ тасаввур кардан хеле душвор. Риёзиро надонед, ҳатман фиреб мехӯред.

Мудири кафедраи алгебра ва геометрия Аҳмадҷон Солеев бештар дар бораи донишҷӯён ва илмомӯзии онҳо фикру андеша мекунад. Бо ғайрату ташаббуси ӯ ба кафедра адабиёти бисёри ин соҳа ва компутерҳои замонавӣ оварда шуд. Профессор Николай Павлович Романов беш аз ду ҳазор китоби доир ба математикаро, ки дар Маскав, Тошканд, Париж, Лондон, Амрико ва дигар мамлакатҳо чоп шудааст, пешкаш намуд, ки он низ бо маслиҳати Аҳмадҷон сурат гирифт. Вай ҳангоми дар бистари марг будани устодаш ба аёдат рафта, ин пешниҳодро ба миён гузошта буд.

Ҳоло дар кафедра математикҳои оянда, асрори ин фанни куҳанро ҳаматарафа меомӯзанд. Ба онҳо Аҳмадҷон Солеев низ дарс мегузарад. Барои дӯст доштани ин фанни дар назари аввал душвор, вале шавқовар саҳмгузорӣ мекунад.

Кумитаи илму техникаи ҷумҳурият ҳар сол барои мактаби ӯ маблағи кофӣ ҷудо мекунад. Аз ҳамин сабаб, се нафар муҳаққиқ ва панҷ нафар аспирантҳояш кори илмӣ мебаранд. Худи вай низ барои донишҷӯёни факултаи математика китобҳои дарсӣ таълиф менамояд. То имрӯз дар нашриётҳои Тошканду Самарқанд чанд номгӯй асарҳои ӯ рӯи чопро диданд. Инчунин, дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ низ тадқиқоти илмии вай нашр гардидаанд. Бояд гуфт, ки ӯ дар оила ва гузари худ низ обрӯю эътибори зиёд дорад. Ҳар як тадбир ва маърака бе иштироку машварати ӯ намегузарад. Ҳамсараш номзади фанҳои ҳуқуқ Амина Ҳамроева (илоҳо рӯҳаш шод бод!) зани оқилаву доно, рамузфаҳму меҳмоннавоз буд. Сад дареғо, ки ба дарди бедаво печид ва аз ин дунёи фонӣ рахти сафар баст. Амина Ҳамроева ҳамчун суди вилоят оид ба ҷинояткорӣ ҳукми боадолат қабул карда, соҳиби ҳурмату эҳтиром гардид. Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст. Писараш — Азизҷон мисли модар ҳуқуқшинос ва ягона духтар Нигинабону доктори фанҳои риёзӣ аст…

Аҳмадҷон Солеев ғайр аз математика шефтаи табиат буда, кӯҳнавардиро хеле дӯст медорад. Ҳамин, ки вақти холӣ пайдо шуд, ҳамроҳи чанд нафар дӯстони наздик сайру саёҳати кӯҳистон мекунад. Табиати нотакрори қаторкӯҳҳои Зарафшон, дараи Оҳалику Оқсой, Миронқулу Илонсой, Ғелону Қашқадарё ба ӯ завқ мебахшанд.

Гулпарварӣ аз машғулияти дӯстдоштаи ӯст. Тобистону зимистон дар хонадони ӯ гулҳои ғароиб шукуфта, табъи касро хушу болида месозад. Аҳли оила соатҳои тӯлонӣ дар бораи парвариш ва «хулқу атвор»-и ин растаниҳои зебою дилфиреб баҳсу мунозира мекунанд. Шоҳмот ӯро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Гарчанд бо ҳамдеҳагонаш ва алалхусус, дӯсти хамсинф Муҳаммад Султонмуродӣ бо як шавқу ҳавас мӯҳраҳои шатранҷро аз як катак ба катаки дигар гузаронад ҳам, аммо дар рӯи тахта бештар амалиёти математикиро мебинад.

Аҷиб, аммо ҳақиқат аст, ки Аҳмадҷон Солеевич ҳар як мулоҳиза ва андешаи худро аз зери призмаи математикӣ, ба забони оддӣ гӯем, бо исботу далели раднопазири риёзӣ баён менамояд.

— Шахсе, ки худро ба риёзӣ бахшидааст, — ба исботи ҳаракату кордории худ мегӯяд вай, — кӯшиш мекунад, ки математика ба маънои том кори тамоми ҳаёташ гардад. Ба ҳар як воқеа, ҳодиса, дигаргунӣ, навигарӣ ва зуҳуроти дигар танҳо аз нуқтаи назари тараққиёти математикӣ менигарад.

Шахсан худам ҳам чӣ қадар бештар бо риёзӣ машғул шавам, он ҳамон қадар барои ман шавқовар, асрорангез ва беохир менамояд. Бинобар ҳамин гарчанде оид ба математика китобҳои дарсӣ, рисолаҳои илмӣ навиштаам, аммо ният дорам ки чун устоди зиндаёд Маъруфҷон Исроилов (равонашон шод бод!) боз асарҳои ҷолиби диққат иншо намоям. Садоқат ба шоҳи фанҳо ҳамин аст! байтҳои зерини Абулқосими Фирдавсӣ нерӯи тоза мебахшад:

Тавоно бувад, хар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,

Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост…

М.АШӮРОВ,
академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Россия,

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон