Шифокорони хитоӣ барои табобати нуқсони модарзодии дили бемори 48-сола аз системаи роботикунонидашудаи ултрасадоӣ, ки бо зеҳни сунъӣ идора мешавад, истифода бурда, ҷарроҳии катетериро анҷом доданд.
Мувофиқи маълумотҳо, чунин амалиёт бо ёрии ин технология бори аввал анҷом дода мешавад.
Система ҳангоми амалиёт мустақилона тасвирҳои ултрасадоиро ба даст оварда, ҷойгиршавии нуқсони дилро муайян ва дар вақти воқеӣ ҳаракати катетерро роҳнамоӣ менамояд. Инчунин, барои амиқ ҷойгир кардани дастгоҳи махсуси муҳркунанда кӯмак мерасонад.
Агар роботҳои интервенсионалии маъмулӣ асосан ба ҳаракат додани таҷҳизот кумак кунанд, системаи номбурда шинохти тасвирро бо ҳаракатҳои ҷарроҳӣ пайваст мекунад.
Дар оянда, чунин технологияҳо метавонанд на танҳо дар кардиология, балки дар нигоҳубини осеб, ҷарроҳии роботии дурдаст ва дар минтақаҳое, ки хидматрасонии тибии кофӣ надоранд, низ истифода шаванд.
Марҳилаи ҷолибтарини истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиб оғоз меёбад: он минбаъд на танҳо маълумотро таҳлил мекунад, балки тадриҷан ба ҷараёни табобат низ дахолат мекунад.
