Дар маркази сайёҳии “Silk Road Samarkand” чемпионати ҷаҳон оид ба билярд (пирамидаи динамикӣ) оғоз шуд.
Ин мусобиқа дар Ӯзбекистон бори аввал баргузор мегардад. Дар он аз 9 мамлакат — Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Беларус ҳамагӣ 150 нафар варзишгар иштирок доранд. Дар маросими кушодашавӣ намояндагони федератсияҳои билярди Ӯзбекистон, Россия, Қозоқистон, Қирғизистон иштирок намуда, ба варзишгарон муваффақият орзу карданд.
— Мақсади асосии баргузории Чемпионати ҷаҳонии билярд таъмини ривоҷи минбаъдаи ин варзиш дар мамлакатамон, фароҳам овардани майдони санҷишии байналхалқӣ барои варзишгарони маҳаллӣ ва бо ин васила афзоиши иқтидори сайёҳӣ мебошад, — гуфт ҷонишини президенти Федератсияи билярди Ӯзбекистон Сафоидин Садиров. — Аз ин сабаб ҳам, Самарқанди бостонӣ ва ҳамешаҷавон, ки аз ҳар ҷиҳат қулай аст, барои чемпионат интихоб карда шуд. Дар давраи омодагӣ ба мусобиқа мо варзишгарони боистеъдодро ба воситаи мусобиқаҳои интихобӣ муайян кардем. Аз ҷумла, умедворем, ки варзишгарони бомаҳорате ба монанди Ҷамолиддин Қӯчкаров, Нодир Мирзоев, Зӯҳриддин Ҳошимов, ки метавонанд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври шоиста рақобат кунанд, шарафи кишварамонро ҳимоя хоҳанд кард.
Мусобиқа то 26-уми апрел идома мекунад ва ҳар рӯз аз соати 10:00 то 21:00 баргузор мешавад.
