Ба қарибӣ Нигора Садинова, раиси бахши Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат дар шаҳри Самарқанд ва Баҳодир Раҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», бо ҷавонони дар муассисаи иҷрои ҷазо буда мулоқот карда, мулоқоти кушод баргузор карданд.
Фарҳод Набиев, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ дар ин мулоқот ширкат варзида, дар бораи нақши шукрона дар ҳаёти инсон ҳарф зад.
Дар рафти мулоқот андешаҳо, пешниҳодҳо ва муаммои ҷавонон шунида шуданд. Роҷеъ ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоӣ ва кумак дар мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа мубодилаи афкор карданд.
Дар чорабинии мазкур, бо мақсади рушди китобхонӣ ба ҷавонон китобҳо тақдим гардида, адабиёт барои хондан тавсия дода шуд.
Дар охири чорабинӣ филми ҳуҷҷатии «Шукрона», ки бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, узви Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов ба навор гирифта шудааст, ба намоиш гузошта шуд.
