Паоло Замполли фиристодаи махсуси президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки мунтахаби Эрон дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Италия иваз карда шавад.
Ба иттилои нашрияи Financial Times, Замполли бо чунин пешниҳод ба ФИФА муроҷиат намудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки аллакай ин фикрро ба Доналд Трамп ва президенти ФИФА Ҷанни Инфантино низ пешниҳод кардааст.
“Ман итолиёӣ ҳастам ва орзу дорам, ки “скуадра адзурра”-ро дар мусобиқаи ИМА бубинам. Италия бо чаҳор унвони қаҳрамонӣ ҳаққи ширкатро дорад”, — гуфтааст Замполли.
Ба навиштаи манбаъ, ин иқдом метавонад ҷузъи талошҳо барои беҳтар кардани равобит миёни Трамп ва сарвазири Италия Ҷорҷа Мелони бошад. Гуфта мешавад, ки байни онҳо ихтилофҳо пас аз изҳороти танқидии президенти ИМА нисбат ба папаи Рим Лев XIV дар робита ба вазъи геополитикӣ ба вуҷуд омадаанд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Италия натавонист ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёбад.
Дар ҳамин ҳол, мавқеи эҳтимолии иваз кардани Эрон то ҳол расман тасдиқ нашудааст ва қарорҳои ниҳоӣ танҳо аз ҷониби ФИФА қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон-2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада баргузор мегардад.
