Мош – ғизои солим аст. Дар таркиби мош сафеда – барои қувва ва рушди мушакҳо. Нах – клетчатка – барои кори хуби ҳозима. Витаминҳои В, С. Минералҳо: оҳан, магний, калий. Мош дорои антиоксидантҳо мебошад, ки ба хориҷ кардани моддаҳои зараровар аз бадан кӯмак мекунад.
Барои одамоне, ки хатари диабет доранд, муфид аст – сатҳи шакарро ором нигоҳ медорад. Бо сабаби витаминҳо ва минералҳо, баданро аз бемориҳо муҳофизат мекунад. Антиоксидантҳо пиршавии пӯстро суст ва ба тозагии пӯст мусоидат мекунанд.
Дар таркибаш фолат (витамини В9) ҳаст, ки барои рушди кӯдак муҳим мебошад. Сафедаи растанигӣ ва карбогидратҳои солим энергия медиҳанд.
