Ovozi.uz

Шахсоне, ки тангаҳои қадимаро баровардани буданд, дастгир шуданд

Ҳоло аз рӯи ин ҳолат тафтиш бурда мешавад.

Дар вилояти Самарқанд кӯшиши ба тарзи ғайриқонунӣ баровардани сарватҳои маданӣ фош карда шуд. Дар ин бора Кумитаи боҷхона хабар дод.

Маълум гардид, ки ҳангоми ба тартиби муайян гузаронидани назорати боҷхона аз сумкаи дастии мусофире, ки ба воситаи тайёрагоҳи байналмилалии Самарқанд ба давлати хориҷӣ парвоз кардани буд,3 дона тангаи қадима ёфт шуд, ки қаблан ҳангоми пурсиши шифоҳӣ маълум накарда буданд. Ҳоло аз рӯи ҳолати мазкур тафтиш бурда мешавад.

Бояд таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории дар амал буда, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баровардани сарватҳои маданӣ, ки 50 сол муқаддам ва пеш аз он офарида шудаанд, аз ҷумла ашёҳои нумизматӣ, қатъиян манъ карда шудааст.