Ovozi.uz

Олимон сабаби кам будани саратони дилро муайян карданд

Олимон сабаби хеле кам дучор шудани саратони дилро ба кашишхӯрии пайвастаи он вобаста медонанд, хабар медиҳад DW.


Гурӯҳе, ки таҳти роҳбарии Серена Заккини, муҳаққиқи Маркази байналмилалии муҳандисии генетикӣ (ICGEB) дар Триест, Италия, пешниҳод кард, ки ҳаракати доимии дил аз пайдоиши ҳуҷайраҳои саратон пешгирӣ мекунад.

Дар ҷараёни таҷриба олимон ба бадани чанд муш дили дуюмро пайванд карданд. Ин дили иловагӣ бо хун таъмин мешуд, вале пурра наметапид ва вазифаи насосро иҷро намекард. Сипас ба бадани ин ҷонварон ҳуҷайраҳои омос (саратон) ворид карда шуданд.

Дар натиҷа, дили дуюме, ки наметапид, пурра тавассути ҳуҷайраҳои саратонӣ зарар дид ва дили асосии мушҳо, ки муътадил кор мекард, ба саратон гирифтор нашуд.

Олимон тадқиқоти иловагӣ гузаронида, омилеро, ки ба ҳуҷайраҳои саратон бештар таъсир мерасонад, муайян карданд. Онҳо бофтаҳои дилро дар шароити сунъӣ парвариш карда, аксуламали ҳуҷайраҳоро ба фишор ва кашишхӯрӣ мушоҳида намуданд. Маълум шуд, ки омили асосии пешгирикунандаи рушди омосҳо маҳз фишор будааст.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ин кашфиёт метавонад дар оянда барои коркарди усулҳои нави табобати саратон роҳ кушояд. Аммо, бино ба гузориши Kazinform, имкони истифодаи амалии ин натиҷаҳо ҳанӯз пурра муайян нашудааст.