Бар асоси қарори Президентамон аз 27-уми декабри соли гузашта «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидан ба иҷрои чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Самарқанд нигаронда шудаанд» вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Ҳокимон барномаҳои мазкурро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд ва онҳо тасдиқ гардиданд.
Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Самарқандро дар соли 2026 тасдиқ кард.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ то ба 25 триллион сӯм расонида ва афзоиши он 109,1 дарсад таъмин карда шавад. Барои ҳар семоҳа суръати устувори афзоиш муқаррар ва то охири сол дар соҳа ба даст овардани натиҷаҳои баланд ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, чораҳои мушаххас барои коҳиш додани нархи аслии маҳсулот дар 21 корхонаи саноатӣ, ки дар шаҳр фаъолият мебаранд, андешида мешаванд.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати хӯрокворӣ васеъ ва иқтидори коркарди меваю сабзавот то 44,5 ҳазор тонна зиёд мегарданд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми хизматрасонӣ то 29,1 триллион сӯм ва афзоиш ба 124,8 дарсад расонида шавад.
Барои рушди соҳибкорӣ, 1016 қитъаи заминро ба ауксион мегузоранд. 8 корхонае, ки суръати баланди афзоиш доранд, дастгирӣ ва 4 лоиҳаи бузурге, ки «драйвер»-и иқтисодӣ мебошанд, бо инфрасохтор таъмин карда мешаванд.
Сатҳи бекорӣ аз 3,8 дарсад то 1,9 дарсад поён хоҳад рафт. Барои ин, дар соҳа ва самтҳо нишондиҳандаҳои мақсаднок барои шуғли доимии 18,839 шаҳрванд муқаррар карда шудаанд.
Танҳо дар доираи лоиҳаи «Мақомоти шуғл — ҳамкори кордиҳандагон» 2 ҳазору 512 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Дар маҳаллаҳо 1970 лоиҳаи хурдро оғоз карда 14 ҳазору 743 нафарро бо кор таъмин мекунанд. 2500 нафар шаҳрванде, ки худро бо шуғл таъмин намудаанд, ба марҳилаи ояндаи соҳибкорӣ бароварда мешаванд. Тавассути барномаҳои «Бонуи меҳнатдӯст», «Имкониятҳои баробар — шуғли фарогир», «Ба сӯи ояндаи устувор», ҳазорҳо занон, шахсони ногироидошта ва ҷавонон соҳиби манбаи доимии даромад хоҳанд шуд. Дар ин 1805 нафар зан, 724 нафар шахси ногироидошта ва 4580 нафар ҷавон бо кор таъмин мешаванд. Дар назар аст, ки оилаҳои камбизоат бо хидматрасонии шуғли устувор фаро гирифта шаванд ва онҳоро ба фаъолиятҳои даромадовар равона созанд. Дар ин робита, 14 ҳазору 600 нафар аъзои оила, ки дар феҳристи камбизоатӣ қарор доранд, бо хидматрасонии шуғли устувор фаро гирифта мешаванд. То охири сол сатҳи камбизоатӣ аз 2,8 фоиз то ба 1,7 фоиз коҳиш меёбад.
Имсол ба маблағи 369 миллион доллар ҷалб намудани сармоягузорӣ ва кредитҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, 59 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 346,1 миллион доллар амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ин лоиҳаҳо 1632 ҷойҳои нави кориро таъсис медиҳанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми содирот то 472,5 миллион доллар ва содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз имкониятҳои GSP+ афзоиш дода шавад.
Дар мавзеъҳои нави шаҳри Самарқанд сохтмони манзилҳои бисёрошёна суръат хоҳад ёфт. Хусусан, дар шаҳраки Ширин, Темирйӯл Орти ва Қаросув-2 дар масоҳати 1107 гектар сохтани 710 хонаи замонавии дорои 98 ҳазору 260 хонадон ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳр 148 электробусу автобус харидорӣ ва нақлиёти ҷамоатӣ навсозӣ карда мешавад. 5,4 километр хатсайрҳои алоҳидаи автобусҳо таъсис хоҳанд ёфт.Шабакаҳои барқ, газ ва оби нӯшокӣ навсозӣ гардида, 32,8 километр шабакаҳои нави барқӣ сохта ва 238,3 километр шабакаҳо таъмир карда мешаванд.
Дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз» 556 ҳазор ниҳол мешинонанд.
Бо мақсади дар тӯли сол дастгирӣ намудани занон, 768 нафар зан дар бахши IT омӯзонида шуда, 2269 нафар ба фаъолияти касбӣ ҷалб мегарданд.
Тибқи нақша, имкониятҳои иқтисодии 11 ҳазору 405 нафар зан васеъ карда мешавад. Яъне, ин қадар занон бо кор, кредит, грант ва субсидияҳо таъмин, инчунин ба узвият дар иттиҳодияи ҳунармандон пазируфта хоҳанд шуд.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар барнома муқаррар шудааст, вобаста кардани 237 нафар зани ниёзманд бо занони соҳибкори пешсаф ва омӯзонидани онҳо барои ба даст овардани даромад мебошад.
Дар доираи барнома, 12 ҳазору 921 нафар зани ниёзманд тавассути «Дафтари бонувон» дастгирӣ карда мешаванд. Умуман, ин тадбирҳои ҳамаҷонибаи барои имсол муқарраршуда ба як минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ қавӣ, аз ҷиҳати иҷтимоӣ бехатар, дорои инфрасохтори муосир ва рушди устувор табдил додани шаҳри Самарқанд хидмат хоҳанд кард.
