Ovozi.uz

«Ҳаҷ‑2026»: 940 нафар ба зиёрат рафтанд

Дар мавсими «Ҳаҷ‑2026» аз вилояти Самарқанд 940 нафар ҳамватанонамон ва 19 нафар роҳбари панҷоҳнафарӣ ба сафари ҳаҷ рафтанд.
Пеш аз сафар, ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо шаҳрвандоне, ки азми зиёратро доштанд, мулоқот кард. Ҳокими вилоят таъкид намуд, ки барои ба дараҷаи баланд, ботартиб ва бехатару осуда ташкил кардани мавсими «Ҳаҷ‑2026» ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Зикр гардид, ки пас бозгашт, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолтар шуда, хусусан, дар тарбияи ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо ва ба вуҷуд овардани муҳити солим дар маҳаллаҳо ҳисса гузоштани ҳоҷиён аҳамияти зиёд дорад.
— Соли 2016 аз вилояти мо 450 нафар ба сафари ҳаҷ рафта буданд, — гуфт ҳокими вилоят. — Имсол аз вилоятамон 940 нафар барои адои амали ҳаҷ мераванд, ки аз ду баробари нишондиҳандаи боло зиёд аст. Президенти муҳтарамамон ба ин ҷиҳат эътибори алоҳида нигаронида, ин масъаларо ҳам ҳал намуданд. Аз шахсоне, ки ба сафари ҳаҷ мераванд, танҳо як чизро илтимос менамоям: барои саломатии Сарвари кишварамон, осудагии Ватани азизамон, фаровонии халқамон ва зимнан барои барори корҳое, ки бобати ободтару зеботар намудани Самарқанд оғоз кардаем, дуо кунанд.
Шахсоне, ки дар чорабинӣ суханронӣ намуданд, имконият ва шароитҳои зиёдеро, ки дар мамлакатамон барои адои сафари ҳаҷ фароҳам оварда шудаанд, эътироф карда, ба Сарвари кишварамон миннатдорӣ баён намуданд.
Зоиронро рӯзҳои 12-13‑уми май дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканд ва Самарқанд ба воситаи 4 рейс гусел карданд.
Ҳоҷиён рӯзҳои 16-17‑уми июн ба Самарқанд бармегарданд.

Таҳияи Ҳ.СОДИҚОВ