Раиси Ҷумҳурии Мардумии Хитой Си Ҷинпин рӯзи 14-уми май дар майдони шарқии Толори маҷлисҳои халқии Пекин маросими расмии истиқболи президенти ИМА Доналд Трампро баргузор кард, хабар медиҳад хабаргузории Синхуа.
Сипас ду раҳбар дар Толори маҷлисҳои халқӣ музокира анҷом доданд.
Ба гуфтаи ҷониби Хитой, дар ҷараёни мулоқот Си Ҷинпин таъкид кард, ки манфиатҳои муштараки Хитой ва ИМА аз нофаҳмиҳо хеле зиёдтаранд. Ӯ гуфт, ки устувории муносибатҳои дуҷониба барои тамоми ҷаҳон муҳим аст.
«Ду кишвар бояд шарик бошанд, на рақиб. Мо бояд якдигарро дастгирӣ кунем ва барои шукуфоии муштарак талош кунем», — гуфт раҳбари Хитой.
Ғайр аз ин, тибқи хабари радиои «Садои Америка», ду раҳбар пас аз музокираҳо якҷоя аз майдони Тянанмени Пекин дидан мекунанд.
Бино ба маълумоти Кохи Сафед, Доналд Трамп ва Си Ҷинпин рӯзи панҷшанбе аз маҷмааи таърихӣ, ки ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, боздид хоҳанд кард, хабар медиҳад Kazinform.
