Ovozi.uz

Дар Ургут ба ҷои бинои 46-солаи кӯҳна бинои тиббии замонавй қад рост кард

Бинои поликлиникаи оилавии «Амир Темур», воқеъ дар маҳаллаи Тароқлии ноҳияи Ургут, соли 1978 сохта шуда, солҳои зиёд ба мардуми ҳудуд хизмат мерасонад. Бо гузашти вақт бино кӯҳна шуда, дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар ин ҳудуд бинои нави поликлиникаи оилавии навъи 2 ва беморхонаи ёрии таъҷилӣ бунёд гардид.

Ин лоиҳа бо арзиши 3,5 миллиард сӯм дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, ба истифода дода шуд.

Муассисаи нави тиббӣ дорои утоқҳои васеву равшан, шароити замонавӣ ва инфрасохтори қулай мебошад. Акнун ин муассиса ба беш аз 15 ҳазор нафар сокинони 3 маҳаллаи Тароқлӣ хизмати босифату саривақтии тиббӣ мерасонад.

Ҳамин тавр, дар ҷои бинои 46-сола маҷмааи тиббии замонавӣ қад афрохта, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ қадами муҳим гардид.