Ovozi.uz

Ҳарвард дастнорас нест

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳи Ҳарвард саммити лидерони ҷавон оғоз ёфт.

Дар форум, ки бо ҳамкории HPAIR (Harvard Project for Asian and International Relations) — ташкилоти ғайритиҷоратие, ки назди донишгоҳи Ҳарвард фаъолият мебарад ва аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ идора мешавад, инчунин мактаби «Истиқболли таълим» ташкил гардид, донишҷӯёни Ҳарвард ва устодони онҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Самарқанд, инчунин донишомӯзони Мактабҳои Президентиву мактабҳои ихтисосонидашуда ва ҷавонони фаъол иштирок карданд.

Дар аввали чорабинӣ табрикоти мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Обид Ҳакимов хонда шуд.

Дар паёми табрикотӣ қайд карда шуд, ки Саммити ҷавонони Ҳарвард, ки бори аввал дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кишвари мо баргузор мешавад, натиҷаи таваҷҷуҳи баланди Роҳбари давлатамон ба дастгирии ҷавонони боистеъдод ва амалӣ кардани иқтидори онҳо буда, ҳамзамон барои ба сатҳи нав баровардани кор дар ин самт хидмат хоҳад кард.

— Ин чорабинӣ барои тағйир додани тасаввуроте, ки дар зеҳни ҷавонон ташаккул ёфтааст, яъне «Ҳарвард хеле дур аст, расидан ба он душвор мебошад», нигаронида шудааст, — гуфт ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим» Муҳсинҷон Холмуҳамедов, ки дар ифтитоҳи саммит суханронӣ кард. — Дар ин саммит профессорон, устодон ва донишҷӯёни пешсафи донишгоҳи Ҳарвард, спикерони фаъоли соҳаҳои таълим, иқтисод, сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Дар тӯли чор рӯз онҳо бо ҷавонони кишварамон суҳбат карда, семинарҳо ва тренингҳои роҳбарии услуби Ҳарвардро баргузор мекунанд. Лоиҳаи Impact Challenge якҷоя роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҳаётиро пайдо мекунад ва донишҷӯёни донишгоҳҳои машҳури ҷаҳонӣ мустақиман дар доираи пCollege Panels мубодилаи афкор мекунанд.

Пас аз маросими ифтитоҳи саммит, намояндагони Ҳарвард бо ҷавонони кишварамон мулоқот карданд ва дар бораи ҷараёнҳои таълимӣ ва имкониятҳои донишгоҳ маълумот доданд.