Ovozi.uz

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Россия тавассути телефон суҳбат карданд

22-юми май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар доираи татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада масъалаҳои муҳими рушд ва минбаъда ҳам мустаҳкам намудани шарикии стратегии ҳамаҷониба ва муносибатҳои иттифоқии Ӯзбекистон ва Россия баррасӣ шуданд.

Муносибатҳои судманди дараҷаҳои гуногун бо қаноатмандӣ зикр гардиданд. Мубодилаҳои байнипарламентӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ фаъолона рушд мекунанд.

Ҳаҷми тиҷорат мунтазам афзоиш ёфта, аз аввали сол ба 23 дарсад расидааст. Лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои муҳим, аз ҷумла дар дараҷаи минтақаҳо амалӣ карда мешаванд.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Россия, инчунин нақшаи чорабиниҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.