Ин пешниҳод ба он асос меёбад, ки имрӯз давомнокии умри инсон бештар гардида, одамон нисбат ба пештара дертар пир мешаванд.
Дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС, яке аз мутахассисони Вазорати тандурустии Россия — Олга Ткачева изҳор доштааст, ки дараҷаҳои синну сол оҳиста-оҳиста тағйир меёбанд.
«Умуман, давомнокии умри инсон афзоиш меёбад, дараҷаҳои синну сол тағйир меёбанд. Одамон нисбат ба синну солашон сусттар пир мешаванд», мегӯяд гериатр Ткачева.
Духтур қайд кард, ки ин аз он сабаб аст, ки одамон метавонанд муддати тӯлонӣ фаъол бошанд ва намуди зоҳирии худро нигоҳ доранд. Илова бар ин, бо сабаби афзоиши давомнокии умр, имкониятҳо барои омӯхтани касбҳои нав, таҳсил ва касб кардан вуҷуд доранд. Қобили зикр аст, ки гериатр мутахассиси тиббӣ аст, ки чораҳоеро барои ташхис ва пешгирии рушди бемориҳо дар пиронсолон меандешад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар Россия шахсони аз 14 то 35-сола ҷавон ҳисобида мешаванд.
