Мавзӯи рӯз
Соли хониши 2025–2026 ҳам ба поён расид. Акнун истироҳатгоҳҳои бачагона низ фаъолияти худро оғоз мекунанд. Бояд гуфт, ки мавсими имсолаи истироҳати кӯдакон, ки аз 5 марҳила ва барномаҳои 12‑рӯза иборат мебошанд, дар моҳҳои июн-август гузаронида мешавад.
Дар мавсими имсола, ки 8-уми июн оғоз меёбад, дар 14 истироҳатгоҳи бачагонаи доимии вилоятамон истироҳати 8 ҳазору 710 нафар кӯдак, дар 57 масканҳои рӯзона бошад, истироҳати зиёда аз 12 ҳазор писаракону духтаракон ба нақша гирифта шудааст.
— Барномаҳои махсусе, ки аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон таҳия шудаанд, барои пурмазмун ташкил кардани фаъолияти истироҳатгоҳҳо хидмат хоҳанд кард, — гуфт сарвари департаменти вилоятии ташкили истироҳат ва тандурустии кӯдакони Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон Ферӯза Қиличева. — Ҳар як рӯз дар мавзӯъҳои муайян гузаронида мешавад. Аз ҷумла, чорабиниҳое дар мавзӯъҳои «Салом, истироҳатгоҳ!», «Фестивали кӯдакон», «Ватанпарварии ҳарбӣ», «Арзишҳои миллӣ», «Заковат», «Эҷод ва истеъдод», «Ҳифзи модар-табиат», «Дастони моҳир — касбу ҳунар», «Варзиш ва саломатӣ», «Дӯстии миллатҳо», «Сайёҳӣ ва минтақашиносӣ», «Сарҳисоб» ва ғайра ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти иҷтимоии кӯдакон мусоидат мекунанд. Барои нигоҳубини онҳо 284 нафар педагогҳои соҳибтаҷриба ва роҳбарони маҳфилҳо интихоб карда шуданд. Мутаассифона, салоҳияти истироҳатгоҳҳои вилоятамон танҳо 1,6 дарсади кӯдакони минтақаро фаро гирифта метавонаду халос. Нақша дорем, ки дар оянда тамоми имкониятҳои худро ба кор бурда, фарогириро ба 15-20 дарсад расонем.
— Ба мавсими нав омодагии ҷиддӣ мебинем, — гуфт роҳбари истироҳатгоҳи «Алпомиш»-и ноҳияи Самарқанд Нигора Ҷабборова. — Дар 5 марҳила фаро гирифтани ҳазор нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо рӯзномаи кӯдакон танҳо аз истироҳат иборат набуда, онҳо иқтидори худро низ намоиш медиҳанд. Барои онҳо маҳфилҳои варзишӣ, санъат ва фарҳанг, эҷодкорӣ ва зеҳнӣ, омӯзиши забон ва медиа, инчунин маҳфилҳои касбӣ ташкил карда мешаванд.
Дар баробари таъмин намудани истироҳати донишомӯзон, назорати қатъии бехатарии онҳо низ ба инобат гирифта шудааст. Хусусан, масъулони садорати некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо масъулони садорати ҳифзи тандурустӣ барои дар ҷойҳои истироҳатӣ таъмин намудани меъёрҳои тозагӣ ва ба роҳ мондани хидматрасонии тиббии босифат чораҳо андешидаанд.
— Пеш аз қабули кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо, бояд як қатор талаботи санитарӣ-гигиенӣ ва эпидемиологӣ риоя карда шаванд, — мегӯяд сарвари садорати вилоятии Кумитаи некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамоатӣ Латиф Рустамов. — Аз ин рӯ, ҳоло дар истироҳатгоҳҳо корҳои ободонии ҳудуд, таъмир ва тоза кардани биноҳо, инчунин безарар намудани системаҳои оби нӯшокӣ ва обҳои партов идома доранд. Хобгоҳҳо, ошхонаҳо ва утоқҳои тиббӣ мувофиқи талаботи санитарӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Сифати маҳсулоти хӯрокворӣ низ аз ҷониби масъулон қатъиян назорат карда мешавад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби садорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, инчунин садорати варзиш барои бачаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронанд.
Падару модарон роҳхат ба истироҳатгоҳҳоро тавассути платформаи электронии «Oromgohlar.uz» пурра харидорӣ мекунанд. Ин аз ҳолатҳои гуногуни коррупсионӣ ва муаммоҳо пешгирӣ карда, ба волидон имкон медиҳад, ки роҳхатҳоро ба тарзи онлайнӣ ва бо роҳи шаффофу қулай ба даст оранд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
