Ovozi.uz

«Қадами нав ба сӯи маҳорат»

Дар Самарқанд маросими тантанавии ифтитоҳи озмуни миллии маҳорати касбии «Бунёдкорони Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид.

Озмуни мазкур барои дарёфти «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар шакли видеоконфронси онлайнӣ гузаронида шуда, дар он намояндагони тамоми ҷумҳурӣ ва минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ҳусан Тухтаев ба ҷавонони иштирокчӣ барору комёбӣ орзу намуда, таъкид кард, ки имрӯз соҳиби касбу ҳунар шудан, баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбӣ яке аз омилҳои муҳими рушди Ӯзбекистони Нав ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки ин озмун дар асоси қарори дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардида, дар се марҳила — ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мешавад.