Ovozi.uz

Иштихон ба ҳазорон китобдӯстон мизбон

Фестивали вилоятии «Китобхонӣ»

Дирӯз хиёбони «Устодон»-и маркази ноҳияи Иштихон шоҳиди як рӯйдоди бузурги фарҳангӣ гардид. Дар он таҳти шиори «Ӯзбекистони Нав — ҷомеаи маърифатпарвар» Фестивали вилоятии китобхонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос гузашт.
Ин ҷашни маърифат ва тафаккур аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд садҳо нафар китобхон, эҷодкор ва дӯстдорони илму заковатро ҷамъ овард. Ҳар як шаҳру ноҳия бо гӯшаҳои намоишии худ, ки инъикоскунандаи фарҳанги китобхонӣ, намоишҳои саҳнавӣ ва ҳунарҳои эҷодӣ буданд, ба ҳусни ин ҳамоиш ҳусни дигар зам карданд.
Мақсади асосии фестивал — тарғиби васеи мутолиаи китоб, баланд бардоштани шавқу рағбати аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба китобхонӣ ва мустаҳкам намудани муҳити маънавию маърифатӣ буд. Дар доираи ин фестивал лоиҳа ва озмунҳои зерин баргузор гардиданд: «Ноҳия (шаҳр)-и беҳтарини китобхон», «Навраси зирак», «KitobQuiz», «Минбари маҳорат», «Ибрат», мусобиқаи зеҳнии «Заковат».
Ярмаркаҳои китоб, вохӯриҳои эҷодӣ бо адибон ва баҳсҳои зеҳнӣ ба ҳар як меҳмони ин ҷашн таассуроти фаромӯшнашаванда бахшиданд. Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳо ба китоб ҳайкал гузошта шуд.
Анҷоми фестивал боз ҳам шавқовартар буд. Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал консерти бузург ва мушакбозии рангин ташкил карда шуд.
Дар барномаи консертӣ ситораҳои дурахшони эстрада — соҳибони нишонҳои сарисинагии «Ифтихори диёр» ва «Эҳтироми баланд», маликаи эстрадаи Ӯзбекистону Қароқалпоқистон Аида ва сарояндаи маҳбуб Мирҷалол Неъматов бо таронаҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод намуданд.
Ин ҳамоиши бузург қадами муҳиме дар роҳи тарбияи насли соҳибмаърифат ва заковатманд ба шумор меравад.

Хидмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Иштихон